Дар як сатр
» » ҒАЛЛАРО АЗ СӮХТОР ЭМИН ДОРЕД!

ҒАЛЛАРО АЗ СӮХТОР ЭМИН ДОРЕД!

30-05-2020, 00:34

Яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумат ва сиёсати  дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини амнияти  озуқаворӣ мебошад,  ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои мушаххас   ба сомон  расонида мешавад.

Ғалла боигарии давлат аст. Ҳангоми ҷамъоварӣ, захира намудани зироатҳои ғалладона кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, то ягон хӯшаи гандум талаф наёбад. Коҳи гандум дар худ хусусияти зуддаргиранда дошта, дар ҳолати 6,55% намнокӣ доштани пояи он зуд оташ мегирад.

Ба мақсаде, ки ҳодисаҳои нохуши сӯхтор рӯй надиҳанд, корҳои таъмири пурраи нақлиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ заруранд. Аз ҷумла, системаи ноқилҳои барқӣ дар техникаҳои хоҷагии қишлоқ бояд пурра аз санҷиши техникӣ гузаронида, изолятсияи он аз нуқсонҳои техникӣ  эмин нигоҳ дошта шавад.

Боркунии хӯроки дурушти чорво дар ҳолати хомӯшкунии муҳаррики нақлиёти боркашон иҷозат дода мешавад. Нақлиётҳое, ки ба боркунӣ, кашонидани ҳосили ғалла ва хӯроки дурушти чорво машғул  мебошанд, на  кам  аз  3 метр  аз сарҷинҳо  ҷойгир  бошанд.

Ҳангоми кашонидан болои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бояд бо брезент пӯшонида шуда, фарши бордони автомашина ва ё притсеп бояд сӯрохӣ  надошта  бошад.

Ҳангоми ҷамъоварии ғалладона ва захираи хӯроки дурушти чорво:

-бе сарпӯши болои муҳаррик ва ё бо сарпӯши кӯшодаи болои муҳаррик кор кардани тракторҳо,  техникаҳои худгард  ва  автомобилҳо;

-шабона  дар   саҳро  таъмин кардани  нақлиёт бо сӯзишворӣ  мумкин нест.

Бошишгоҳҳои саҳроии муваққатиро дар масофаи на камтар аз 100 м аз майдони ғаллазор ҷойгир намуда, атрофи онро дар паҳноии на камтар аз 4 м шудгор кардан лозим.  

Ҳамчунин, дар наздикии майдони ғаллазори даравшаванда трактори дорои плуг барои шудгор  намудани минтақаи  даргирифта   ҳангоми   сар  задании  сӯхтор, доштан  зарур  аст.

Анборҳои нигоҳдории хӯроки дурушти чорво бояд бо роҳи даромад ва баромади нақлиётҳои оташнишонӣ таъмин бошад. Ҷойҳои нигоҳдорӣ ва хушккунии хӯроки дурушти чорво бояд бо посбони шабонарузӣ, лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ (2   оташхомӯшкунак, зарфи об  бо ғунҷоиши 200-300 литр ва бо миқдори  зарурӣ  белу панҷшох), дастгоҳхои муҳофизат аз раъду барқ,  алоқа, бонгҳои  нидоӣ (сирена)  таъмин  карда шавад.

Нигоҳдории  хӯроки дурушти чорво танҳо дар сохтмонҳои иловагии (дар дохил) сохташудаи бинои ферма бо деворҳои яклухти  насӯзанда ва  тавораи  ҳадди ба  оташтобоварии онҳо на камтар аз  0,75с дур иҷозат дода мешавад. Сохтмонҳои иловагии (дар дохил) сохташуда, бояд баромадгоҳ дошта бошанд. Ғарамҳо, шипангҳо ва сарҷинҳои хӯроки дурушти чорво бояд дар масофаи на камтар аз 15 метр то хатти интиқоли барқ ва на камтар аз 20 метр то роҳ ва на камтар аз 50 метр то дигар бино ва иншоот ҷойгир шуда бошанд.

Майдони ҷойгиршавии як ғарам набояд аз 150м2, сарҷинҳои хошоки прессонидашуда бошанд, аз 500 м2 зиёд бошад, масофаи бехатарӣ аз сӯхтори байни сарҷинҳои алоҳида , шипангҳо ва ғарамҳо бояд на камтар   аз  20 метр бошанд.

Амалҳои шаҳрвандон дар ҳолати сар задани  ҳодисаи  сӯхтор чунинанд:

-ҳангоми ошкор кардани сӯхтор ё нишонаҳои даргирӣ (дудбарорӣ, бӯйи сӯхта, баландшавии ҳарорат ва монанди инҳо) бояд ҳатман бо телефонии 01 ё 101 ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар диҳад (ҳамзамон суроғаи иншоот, ҷойи рух додани сӯхторро гуфтан зарур аст, инчунин, ному насаби худро муаррифӣ намояд).

-дар ҳолати таҳдиди хатар ба ҳаёти одамон бо истифодаи ҳамаи қувва ва воситаҳои мавҷудбуда, таъҷилан гурӯҳи наҷотдиҳӣ ташкил намоянд;

-ба воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхтор ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ёрӣ расонад.

Муштариёни ширкатҳои мобилии "TCELL”, "Вавилон” ва "Билайн”, "Мегафон Тоҷикистон” метавонанд бо   рақами «101» бо  Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар  тамос  шаванд.

Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қатъиян риоя  карда шавад, чунки пешгирӣ кардани сӯхтор осонтар аст аз хомӯш намудани он.

      

РХДО  вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШГИРИИ СӮХТОР ДАР ИНШООТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ХОМӮШ НАМУДАНИ АСБОБҲОИ БАРҚИРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР

Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!

Ҳуқуқу амният
11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ