Дар як сатр

ДАСТОНИ ШИФОБАХШ

30-05-2020, 00:06

«Барои ҳар давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустиашон тамоми шароитро фароҳам оварем».

Эмомалӣ РАҳМОН

 

 

Неъматулло Шарофовро дар ҳуҷраи кориаш ёфтем. Ӯ моро бо як самимияти ба худ хос ва хушҳолона пешвоз гирифт. Дар чеҳраи ӯ табассуми зебову малеҳ гул мекард. Чунон хурсанду мамнун буд, ки дар куртааш намеғунҷид. Хушҳоливу хурсандии ӯро дида, мо ҳам шоду мамнун гаштем.

-Неъматуллоҷон, шумо мошин харидед ё хонаи чорқабата сохтед, ки ин қадар хурсанду хушҳолед? -пурсидем аз ӯ.

-Эй, дӯстам, ман нахандам, кӣ механдад? Шодию хандаи ман се сабаб дорад: якум, ман занеро, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин буд ҷарроҳӣ намудам. Аз гурдаи ӯ сангеро баробари тухми кабӯтар гирифтам. Ҷарроҳӣ чор-панҷ соат давом кард. Шукри Худо, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Сабаби дуюми шодиву хандаам он аст, ки фарзандону хешу ақрабои ин модар аз зинда мондани ӯ шод шуданд. Барои ин, ман ҳам аз шодии фарзандонаш шод мебошам. Хурсандии сеюмам ин аст, ки ҳис мекунам ба қасами додаам содиқам, баҳри ҳифзи саломатии халқи азизам саҳми хоксоронаи худро мегузорам.

Неъматулло ҳангоми дар мактаби таҳсилоти миёна хонданаш, аз табибони машҳури ҷумҳурӣ Одина Нозимов ва писараш Абдусаттор Одинаев (онҳо ҳаммаҳаллаи Неъматулло мебошанд), дар бораи касби пуршарафи духтурӣ қиссаҳо мешунавид ва дар дилаш меҳри табиб шудан сахт ҷой мегирад. Баъди хатми мактаб бе ягон дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорида, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона мегузарад ва соҳиби номи пуршарафи донишҷӯй мегардад. Баъди як соли таҳсил дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат мекунад. Баъди адои хизмат дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсилро давом дода, онро соли 1993 хатм мекунад. Ҳамон сол ӯ ба ҳайси ҷарроҳ ба маркази саломатии ноҳияи Муъминобод ба кор меояд ва то соли 2004 кор мекунад. Солҳои 2004 то 2006 дар ординатураи Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад. Аз соли 2006 то ҳол дар шуъбаи ҷарроҳии беморхона фаъолият дорад.

Неъматулло иброз намуд, ки дар муддати 27 соли кориаш амалиётҳои зиёди ҷарроҳӣ гузаронидааст. Ғайр аз ин, ӯ зиёда аз панҷ ҳазор кӯдакро хатнасур кардааст. Аз Неъматулло пурсон шудем, ки кадом амалиёти ҷарроҳӣ бароят хотирмон буд. Ӯ гуфт, ки тамоми амалиётҳои ҷарроҳии гузаронидаам, аз қабили ҷарроҳии гурда, меъда, ҷигар, талхадон ва ғайраҳо ҳамаашон дар хотирам ҳастанд. Лекин амалиёти ҷарроҳие, ки бештар дар хотирам нақш бастааст, ҷароҳии талхадони занест, ки аз он 272 санг гирифтам ва хушбахтона, он зан шифо ёфт.

Муваффақиятҳои Неъматулло аз он иборатанд, ки ӯ хаста нашуда, аз навигариҳои ҷарроҳии муосири ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ таҷриба меомӯзад. Аз тамоми таҷҳизоту техникаи навтарини иноватсионӣ пурра истифода мебарад. Дар амалиёти ҷарроҳияш аз намудҳои нави ҷарроҳӣ: холбтсистекстомия, эхинакоктомия, ампутатсия, баудон ва ғайра низ истифода мебарад. Дар шуъбаи ҷарроҳии беморхона, ки мудириашро ба уҳда дорад 14 нафар табибони дигар низ кор мекунанд. Ӯ кори хуби Шарифов Ҳасан, Раҷабманди Одинамад, Ҳусайнов Хуршед ва дигаронро зикр намуд.

Неъматулло шахси бомаърифат ва ҳам фарҳангдӯст буда, аз шоирони классику муосир шеъри бисёре медонад. Дар китобхонааш китобҳои бадеиву илмӣ, дастурҳои методӣ ва адабиёти зиёди тиббӣ маҳфуз аст. Тамоми Паёмҳои Сарвари давлатамонро омӯхта, дар асоси онҳо амал мекунад. Ӯ дар қатори ҷарроҳони беҳтарини вилояту ҷумҳурӣ дар як радиф меистад. Мардуми ноҳияи зебоманзари Муъминобод аз хизматҳои ин ҷарроҳи хоксору ҳалим ниҳоят хурсанду миннатдоранд. Ному кори ин табиби ҳозиқ вирди забони хурду бузурги ин диёр аст. Ӯ қариб, ки рӯзи истироҳатӣ надорад, зеро тамоми рӯз аз пайи табобати беморон аст.

Неъматулло духтури дараҷаи олӣ буда, ба мукофотҳои моливу пулӣ сазовор гаштааст. Инчунин, ӯ сазовори даҳҳо сипоснома ва ифтихорномаҳои соҳавӣ ва ҳукуматӣ низ мебошад.

-Барои ман аз ҳама мукофоти баландтарину олитарин ихлос, меҳру муҳаббати мардум, иззату икроми онҳост,- мегӯяд ба хоксорӣ Неъматулло Шарофов.

Исмоил Ҷабинзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то  20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то 20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

Тандурустӣ ва экология
Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон

Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ

Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА