Дар як сатр
» » ШУМОРАИ МУАССИСАҲОИ ХУСУСИИ ТОМАКТАБӢ МЕАФЗОЯД

ШУМОРАИ МУАССИСАҲОИ ХУСУСИИ ТОМАКТАБӢ МЕАФЗОЯД

30-05-2020, 00:30

Дар 153 муассисаи томактабии вилояти Хатлон ва 802 маркази инкишофи кӯдак 37 ҳазору 173 нафар кӯдакони синни томактабӣ  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 9,4 фоизи фарогириро ташкил медиҳад.

Нисбат ба соли гузашта дар вилоят теъдоди муассисаҳои томактабӣ 11 адад, марказҳои инкишофи кӯдак  62 адад ва фарогирии кӯдакон 3810 нафар   зиёд гардидааст.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар ин замина беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба  таҳсилоти томактабӣ ва наврасон ба таҳсилоти миёнаи умумии босифату ҷавобгӯи талаботи муосир 10 адад муассисаи  хусусии томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар (3), Кӯлоб (3), Левакант, Муъминобод, Кӯшониён ва Қубодиён (як ададӣ) фаъолият доранд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо
Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА