Дар як сатр
» » 5 ҲАЗОР ҶАВОНОН ДОНИШГОҲҲОРО ТАРИҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ХАТМ КАРДААНД

5 ҲАЗОР ҶАВОНОН ДОНИШГОҲҲОРО ТАРИҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ХАТМ КАРДААНД

30-05-2020, 00:30

Бо ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997, ки қабули донишҷӯён тариқи квотаи президентӣ роҳандозӣ гардид, то имрӯз 8 ҳазору 183 нафар духтарону писарони лаёқатманд (аз ҷумла 4984 нафар духтарон) аз 24 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба 15 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Ба иттилои Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи вилоят, дар ин муддат наздик ба 5 ҳазор нафари онҳо донишгоҳу донишкадаҳоро хатм карда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва вилоят фаъолият намуда, зиёда аз 3 ҳазору 100 нафари дигар таҳсилро идома медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2020 ба мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии олимону устодони эҷодкор ва донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилоят ба 60 нафар олимони варзида ва 60 нафар донишҷӯёни аълохон, дар маҷмӯъ, ба 120 нафар стипендияи раиси вилоят муқаррар гардида, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонони тибқи квота дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Кӯшониён таҳсилкунанда бо ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи модар мулоқоту вохӯриҳои ҳадафманд баргузор карданд. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни аълохон, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатбуда дар доираи имкониятҳои мавҷуда кумакҳои молиявӣ расонида шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

Ҳокимияти давлатӣ
ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст

Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси стипендияи раиси вилоят

Таъсиси стипендияи раиси вилоят

Хабарҳо
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм