Дар як сатр
» Материалы за 17.11.2017
Пайвандони Ҳайдар Қосимов: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”
11:3417 ноябр

Пайвандони Ҳайдар Қосимов: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”

Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 71-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст.

«Зебоӣ - наҷотбахши ҳаёт»
10:0217 ноябр

«Зебоӣ - наҷотбахши ҳаёт»

Бо чунин унвон дар Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии "Авасто" намоиши корҳои эҷодии омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи Президент ва Соли ҷавонон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.