Дар як сатр
» Материалы за 03.11.2017
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!
09:1403 ноябр

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Миллати тоҷик аз қадимулайём миллати озодапарасту адолатхоҳ буд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти худ Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромӣ, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар, халқи куҳанбунёди миллати тоҷик бо монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гашт. Маҳз сиёсати пешгирифтаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳақиқат номбардор ва шаъну шуҳрати мо тоҷикон мебошад, буд, ки халқи тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт. Танҳо мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона тавонис-тем то истиқлолияти хешро ба даст биёварем ва онро монанди мардумаки чашм ҳифз кунем ва то абад ватани худамонро обод гардонем. Бешубҳа оромӣ ва суботи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, хусусан насли ояндасози миллат-ҷавонон. Бале ҳар як ҷавони тоҷик бояд дарк намояд, ки оянда тақдири халқу ватани хеш маҳз бар дӯши ҷавонон гузошта мешавад ва ҳар як ҷавони бонангу ба номуси миллат барои ободу зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлоли худ талош намуда, ободиву амнияти онро таъмин намояд, барои таъмин намудани он масъул бошад.

Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?
09:0503 ноябр

Чаро духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ надоранд?

Дар деҳоти вилояти Хатлон зан – муҳандис, зан – меъмор, зан – мутахассиси технологияҳои информатсиониро вохӯрдан душвор аст. Мутахассисони камшумори мавҷуда ҳам бо сабабҳои мухталиф аз рӯйи ихтисосашон кор намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар муассисаҳои таълимӣ духтарон нисбати писарон фаъолтар ба назар мерасанд ва ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқи бештар зоҳир мекунанд. Чаро духтарон ҳангоми интихоби касб боз ҳам ихтисосҳои “занона”-ро ихтиёр менамоянд? Омилҳои ба фанҳои дақиқ майли камтар нишон додани онҳо чист?

МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»
08:4803 ноябр

МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»

Ширкати мобилии «МегаФон-Тоҷикистон» ҳамасола баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Дар чароғи сабз гузар»-ро доир менамояд.