Дар як сатр
» Материалы за 19.10.2017
Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд
10:1419 октябр

Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода бо мақсади табрик ва қадршиносии пахтакорони ноҳияи Ёвон, ки дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро ба иҷро расонидаанд, ба ин ноҳия сафар кард.

Духтарон сарварӣ меомӯзанд
10:1019 октябр

Духтарон сарварӣ меомӯзанд

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз соли 2010 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва ҚҲҶТ аз соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” курси омӯзиши духтарони сарвар дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуд.

83%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд
10:0219 октябр

83%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Дар прокуратураи вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соҳа ҷамъомад баргузор гардид. Иштирокдорони он масоили таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ, ба қайд нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон, ришваситонӣ ва ғасби заминро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Танзим - баракати зиндагӣ
09:5819 октябр

Танзим - баракати зиндагӣ

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи “Танзим-баракати зиндагӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон
09:4919 октябр

Дастовардҳо ва дурнамои соҳибкории занон

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят конфронси вилоятӣ дар мавзӯи “Соҳибкории занон дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони раиси вилоят, масъулини Раёсати молияи вилоят, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Сабоҳат ва соҳибкорзанони шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)
09:3619 октябр

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иди Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар баробари 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят, беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошобинон намуданд.