Дар як сатр
» Материалы за 17.10.2017
Мусодираи 4 ҳазор диски қалбакӣ
10:5317 октябр

Мусодираи 4 ҳазор диски қалбакӣ

Бо мақсади пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне, ки ба фурӯши маводҳои аудиовизуалӣ, аз қабили фиттаҳои пастсифату ғайриқонунӣ, қалбакӣ зӯроварӣ, ваҳшоният ва порнографидошта машғуланд, аз ҷониби намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеоии «Тоҷиккино» рейди махсус гузаронида шуд.

Номи зебо-ними ҳусн
10:5117 октябр

Номи зебо-ними ҳусн

Оре, номи зебо ними ҳусн аст. Номгузорӣ завқи баланду интихоби дурустро талаб мекунад. Зеро он аз фарҳанги волою болои мо дарак медиҳад. Бо номи зебо моро мешиносанд, ба таърихи миллат баҳо медиҳанд ва фарҳанги ҳазорсолаамон муаррифӣ мегардад. Вале, бисёрҳо шунидаю мушоҳида мекунем, ки волидон дар номгузории фарзандон чандон эътибор намедиҳанд. Андеша намекунанд, ки маҳз номгузории зебо ояндаи неки онҳоро муайян месозад. Ба ҷигарбандон таваккалӣ номҳоеро мегузоранд, ки баъди камолёбӣ боиси ранҷишу ноҳинҷории эшон мегардад.

Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур
10:4417 октябр

Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур

Имрӯз аз майдони 413 гектар ангурбоғ 1 ҳазору 660 тонна ангурҳои навъи «Ҳафизӣ», «Дили кафтар», «Ҳусайнӣ», «Тоифӣ» истеҳсол карда, бозорҳои кишварамонро бо ангурҳои хушсифату шаҳдрез таъмин намудаанд, - иттилоъ дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Амриддин Пайков.

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ
10:4117 октябр

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳачун кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити кунунӣ мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатиро бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян созанд. Баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон, риоя гардидани ҳуқуқҳои онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.