Дар як сатр
» Материалы за 16.10.2017
«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт
11:1616 октябр

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа фестивали ҷумҳу-риявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат», ки бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан”, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор шуд.

Кино-инъикосгари таъриху фарҳанги миллат
11:0516 октябр

Кино-инъикосгари таъриху фарҳанги миллат

Таърихи синамои тоҷик аз даҳсолаи сеюми асри гузашта, аниқтараш аз 16 октябри соли 1929 оғоз меёбад. Ҳамон рӯз 16 октябр дар анҷумани сеюми фавқулодаи Шӯрои Тоҷикистон, баробари қабул намудани деклоратсия оид ба таъсиси Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба ширкаткунандагони анҷуман намоиши киножурнале дар бораи то ба Душанбе омадани аввалин қатораи поезд ва дигар ҳаводиси нақлкунанда аз диёри офтобии мо гузошта шуда буд. Гуфтан мумкин аст, ин аввалин мужда аз тавлид шудани синамо дар Тоҷикистон буд. Давлати Шӯравӣ таъсири киноро дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ хуб пай бурда буд. Аз ин рӯ, ташкили идораҳои киноматографияи миллиро дар ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ҳамчун яке аз намудҳои муҳими санъату фарҳанг дар тарғиби идеологияи Шӯравӣ пеши худ мақсадҳои асосӣ гузошта буд.

Соҳибкорӣ рушд меёбад
10:5616 октябр

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Бори аввал дар вилояти Хатлон сабқати 4-умин озмуни бизнес лоиҳаҳои беҳтарин «Старт-ап Чойхона», ки бо ибтикори барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, дар доираи ҳафтаи сохибкорӣ баргузор гардид.

Шамсиддин Шоҳин: Фаҳмонидани моҳияти  қонун ба мардум
10:4616 октябр

Шамсиддин Шоҳин: Фаҳмонидани моҳияти қонун ба мардум

Бо мақсади дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияҳои доимӣ ва гурӯҳҳои ташвиқотӣ бо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Фалаки тоҷик 28-сола шуд
10:4316 октябр

Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Даҳуми октябрро ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ботантана ҷашн мегиранд. Одатан дар ин рӯз, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат як силсила барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи фалаксароён, оҳангу садои ширин ва таронаҳои пурмазмуну дилнишини онҳо доир мегардад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»
09:3216 октябр

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

- Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нӯҳмоҳаи соли 2017 мусбат арзёбӣ шуда бошад ҳам, оммо мушкилиҳо дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз ҷой дошта, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо масъулон бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд, -таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушдии хоҷагии халқи вилоят дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ.