Дар як сатр
» Материалы за 04.10.2017
Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар
12:5704 октябр

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хатлон вилояти агро-саноатӣ ба шумор рафта, ҳамасола аз ҳисоби кишти пахта фоидаи хубе ба даст меоварад. Имсол низ дар майдони 119 ҳазору 550 гектар замин кишти пахтаро ба роҳ монда, тибқи нақшаи дурнамо бояд дар вилоят 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. То якуми октябри соли 2017-ум 196 ҳазору 396 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир
12:5204 октябр

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шӯрообод” ду ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон
12:4004 октябр

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Субҳи 3 октябр дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон дар ҳузури беш аз 1000 нафар гуселкунандагон, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии Хатлон сурат гирифт. Дар ин рӯз даҳҳо падару модар ҷамъомада, наваскарони ихтиёриро бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан гусел карданд. Инчунин волидони наваскарон аз рӯи маросими пешин, ба онҳо нон газонданд, ки то замони баргаштани фарзанд дар як гӯшаи хона овезон монад.

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон
11:3004 октябр

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Тибқи стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 амалӣ гашта истодааст.