Дар як сатр
» Материалы за Сентябр 2017 года
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон
08:3829 сентябр

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Сергей Абривалин ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа омаданд.

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён
09:1826 сентябр

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадӣ интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро дар отряди сарҳадии «Панҷ» ва «Ҳамадонӣ» пешгирӣ намуданд.

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем
09:1126 сентябр

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Дар ноҳияи Восеъ, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018” “Мизи мудаввар” дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ» доир гардид, ки дар он 70 нафар ҷавонони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд
09:0726 сентябр

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Имрӯзҳо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайраҳо ҷор мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддасро, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Роҳбарони ҲНИТ бошанд, танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Факту далелу шоҳидии аъзои пештараи ҳизб, навору аксҳои зиёд гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳбарони ҲНИТ ба хотири дунё ва молу қудрат шуда, мазҳаби худро фурӯхта, ба мазҳаби шиа даромадаанд.

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир
09:0226 сентябр

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тибқи нақша-чорабиниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба Соли ҷавонон чорабиниҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд.

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон
14:0225 сентябр

Мақсад-баланд бардоштани маърифати экологии омӯзгорону хонандагон

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон ба соҳаи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, ки ин бесабаб нест. Зеро рушду тараққии соҳаи саноати вазнин, истифодаи бемайлони захираҳои табиӣ ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки нисбати он бепарво набошад. Бахусус чор фасли сол Тоҷикистони биҳиштосо мисли нигинест миёни давлатҳои ҷаҳон. Қуллаҳои осмонбӯсу барфпӯш, меваҳои шаҳдбор, табиати нотакрор, офтоби нурбахшу чашмаҳои мусаффои ватани азизамон барои шаҳрвандони давлатҳои ҷаҳон боварнакарданист.

Пешгирии зӯроварӣ дар оила
13:5025 сентябр

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа машварити гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз вилояти Хатлон оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар оила бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори филиали GOPA/PDV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элена Максименко ва аъзоёни шӯро баргузор гардид.

Манфиати мардум дар мадди аввал аст
11:4725 сентябр

Манфиати мардум дар мадди аввал аст

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо вохӯрии судманд доир гардид.

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»
11:1125 сентябр

М. Хидирзода: «Иҷро нашудани қонун аз надонистани он сар мезанад!»

Бо мақсади барои сокинон содаю фаҳмо гаштани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Фармони Президенти кишвар гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулин ҷудо гардида, имрӯзҳо ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Ҳадафи Пешвои миллат таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст»
10:2225 сентябр

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Ҳадафи Пешвои миллат таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст»

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабули сайёри навбатии хешро дар ноҳияи Дӯстӣ гузаронид.

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?
13:0420 сентябр

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?

Халқи боҳуши Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддасро, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбарони ТЭТ ҲНИТ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Факту далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ба хотири дунё ва молу қудрат шуда, мазҳаби халқи худро фурӯхта, ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд.

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
12:5120 сентябр

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Рӯзи 28 сентябри соли 2017, соати 9:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

С. Мирзораҳматов: “БИСТУ ПАНҶ СОЛ АСТ, КИ ЭРОН САРПАРАСТИ АСОСИИ ҲНИТ БА ШУМОР МЕРАВАД”
12:1520 сентябр

С. Мирзораҳматов: “БИСТУ ПАНҶ СОЛ АСТ, КИ ЭРОН САРПАРАСТИ АСОСИИ ҲНИТ БА ШУМОР МЕРАВАД”

Ман Кабириро беасос ҳарису пулпараст наменомам. Ҳанӯз дар Тоҷикистон Кабирӣ дар баробари доштани яке аз бозорҳои сердаромадтарини кишвар, инчунин дар асоси сиёсат бизнеси худро ба роҳ монд. Тибқи ақидаи Маркс, иқтисодиёт – зербино ва сиёсат-рӯбиност. Кабирӣ бошад, дар таҷриба баръакси онро исбот кард. Бисту панҷ сол аст, ки Эрон сарпарасти асосии ҲНИТ ба шумор меравад. Тӯли ин солҳо ҳизби мазкур маблағҳои ҳангуфти ин кишварро аз бар намудааст, хусусан дар вақти интихоботи президентии соли 2013, сипас дар интихоботи парламентӣ. Барои таъсиси телевизион махсус ба ҳизби мазкур гранти бузурге ҷудо шуда буд. Ҳамаи ин маблағҳоро шахсан Кабирӣ таҳти назорати худ гирифта буд. Танҳо худи ӯ медонад, ки ин пулҳо куҷо шуданд...