Дар як сатр
» Материалы за Июл 2017 года
Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд
12:5222 июл

Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Дар шаш моҳи гузаштаи соли 2017 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритуз 638 нафар корҷӯ, аз он ҷумла 274 нафар занон, барои кор муроҷиат намуданд. Ба 479 нафари онҳо (аз он миён 125 зан) мақоми бекорӣ дода шудааст.

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд
10:3322 июл

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Дар ноҳияи Қубодиён қарор аст, ки бузургтарин корхонаи истеҳсоли сементи Тоҷикистон бо номи “Осиё-семент” бунёд карда шавад. Барои бунёди ин корхона беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Ҷомӣ Амиршоев: «Барои аз дархости паноҳандагӣ даст кашиданам наҳзатиҳо таҳдид ба ҷонам карданд»
16:1321 июл

Ҷомӣ Амиршоев: «Барои аз дархости паноҳандагӣ даст кашиданам наҳзатиҳо таҳдид ба ҷонам карданд»

Қиссаи чӣ тавр ба доми наҳзатиҳо афтидан, дархости паноҳандагӣ кардан аз кишвари Аврупо, даст кашидан аз дархости паноҳандагӣ ва бар асари таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҷонаш ба Ватан баргаштани шаҳрванд Ҷомӣ Амиршоев

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд
14:5721 июл

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Дар Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки то ба ин дам дар маркази мазкур чунин таҷҳизот вуҷуд надошт ва беморон аз вилоят ба Маркази ҷумҳуриявии зиддисилӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили шаҳраки «Шифо»-и шаҳри Душанбе равон карда мешуданд.

Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV
17:0620 июл

Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV

Мавлоно Обиддин бародари аҳли тариқати нақшбандия Мавлоно Тоҷиддини Даштикулакӣ буда, мақбарааш дар шашкилометрии қисмати шимолии шаҳраки Данғара, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Корез ҷой гирифтааст.

Чӣ тавр аз ботулизм эҳтиёт кунем?
17:0020 июл

Чӣ тавр аз ботулизм эҳтиёт кунем?

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи истифодаи маҳсулоти нодуруст ё нокифоя тамизгардидаи дар шароити хона консервашуда, риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторшавӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок, аз қабили ботулизм ба миён меояд. Ботулизм бемориест, ки ба системаи асаб таъсири манфӣ расонида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскаширо халалдор месозад.

Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст
18:5219 июл

Фаъолияти 18 мактаб-интернат дар Хатлон қаноатбахш аст

- Соли таҳсили ҷорӣ муассисаҳои интернатии вилояти Хатлонро 238 нафар тарбиятгирандагон хатм намуда, дар Маркази миллии тестӣ 226 нафари онҳо аз қайд гузаштаанд, - иттилоъ дод Диловар Исоев, сардори Раёсати маорифи вилоят. – 10 нафари дигар завқи дар мактабҳои олии қудратӣ давом додани таҳсилро доранд.

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”
17:4819 июл

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Сарбанд Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ гардидааст, баргузор шуд.

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд
13:3019 июл

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Кишоварзони вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ пешсаф буда, тайи нимаи якуми соли ҷорӣ ҳосили 94 ҳазору 134 гектарро ҷамъоварӣ намуданд.

Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV
15:5618 июл

Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV

Мақбараи яке аз шахсиятҳои намоёни олами ислом Мавлоно Қутбиддин дар 40-километрии қисмати ҷанубии маркази ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Олучадараи Ҷамоати деҳоти Дегтур воқеъ мебошад.

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»
07:2817 июл

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИТ мебошанд.