Дар як сатр
» Материалы за 13.06.2017
Таклиф мекунам, ки…
15:3113 июн

Таклиф мекунам, ки…

Пеш аз қабули қонуни танзим шаҳрвандон ба хотири гузаронидани тӯю маъракаҳои худ маблағи зиёд сарф мекарданд. Кор ба ҷое мерасид, ки соҳибони тӯй ҳатто қарздор шуда, дар натиҷа устувории оила халалдор мегардид. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки дар Қуръони маҷид, дар сураи Бақара, ояти 263, чунин омадааст: “сухани нек ва афв беҳтар аз он садақаест, ки озоре ба дунболи он бошад...”. Яъне бахотири худнамоӣ ё аз “орият”-и мардум бо қарзу қаволаи зиёд барпо намудани тӯю маърака ва исрофкорӣ амали солеҳ нест.

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард
14:4913 июн

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии якдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардида буд, 10 сол сипарӣ гардид. Ин қонуни муҳим 8 июни соли 2007 ба тасвиб расида, аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз
12:5213 июн

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилӣ ба давлату мардуми Ватани азизи мо чӣ қадар даҳшату вазниниҳоро пеш овард. Дар ин ҷанги бебунёду бе маънӣ қабл аз ҳама модарон ранҷ кашиданд, зеро онҳо ҳам фарзанду ҳам шавҳарони хешро аз даст доданд. Бори сангини рӯзгор бар дӯши нозуки модарон афтод. Кулбаҳои бо меҳр бунёднамудаашон туъмаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Қалби саршори меҳру муҳаббаташон аз доғи фарзанду оташу дуди нобасомониҳо пурхун гардид.