Дар як сатр
» Материалы за 08.06.2017
Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)
11:5508 июн

Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)

Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия
10:2808 июн

Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия

Дар арафаи таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ минтақаи маъмурии милитсия барои нозирони минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур ифтитоҳ гардид.

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад
10:2608 июн

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

Оре, ин мисраъҳои рӯҳбахшу пурсуду пурмазмуни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери лаб аъзои «Корвони маърифат» рӯ ҷониби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оварданд. Раҳораҳ дар баробари сухан овардан аз дастовардҳои 20-соли Ваҳдати миллӣ, адибон зери роҳбарии устод Ҳақназар Ғоиб аз ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пораҳо қироат намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вуҷудаш накӯкорӣ, бахшидану ободгароист, ин орзую омоли Шоҳи Ҳамадонро дар ин самт амалӣ намудааст.

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад
08:1408 июн

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар боғи марказии фароғатӣ - фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намоиши гулҳо ва мусаввараҳои кӯдакону наврасони мактабу боғчаҳои миқёси вилоят манзури тамошочиён гардид.