Дар як сатр
» Материалы за Июн 2017 года
Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд
14:4830 июн

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

750 нафар сардорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷамоатҳои деҳоти “Заргар”, “Бохтариён”, “Ориён”, “Бӯстонқалъа”, “Меҳнатобод”, “Сарвати истиқлол” ва “Навбаҳор”-и нощияи Бохтар аз семинарҳои омӯзишӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» гузаштанд.

Сухани сеҳрноки момо
07:3428 июн

Сухани сеҳрноки момо

Гашти рӯз. Силоҳбадастон аз вазъи ноором истифода карда, дар маҳаллаи наздикӯҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бедодгариҳо мекарданд. Мардҳоро «асир» гирифта, дар бисёр ҳолатҳо онҳоро мепаронданду дороии оиларо ба яғмо мебурданд. Онҳо ба ҳавлии Ҳасан ном сокини кӯча даромада, соҳибхонаро барои парондан бурданӣ шуданд. Момои Холигул аз ин ҳолат воқиф гашта, барои наҷоти набера рӯйи ҳавлӣ, назди силоҳбадастон баромад.
- Набераамро ба куҷо мебаред? - пурсид момо бо овози ларзон.

«Афсона»-и модар - панде барои писар
07:2228 июн

«Афсона»-и модар - панде барои писар

Ҳоҷибибӣ Зуҳро Саидғуфроноваро дар манзилаш дар ноҳияи Бохтар дар ҳоле дарёфтем, ки тариқи телефони мобилӣ ба писарони муҳоҷираш, ки дар Русия кор мекунанд, дуо медод.

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар
07:0228 июн

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар

Ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ватани худ гуреза шуда буданд. Шароити зисти аксарияти онҳо вазнин буд. Маводи озуқа, сарулибос ва манзил намерасид. Аз ҳама бештар вазъи гурезаҳои навоҳии Шаҳритусу Қубодиён, ки дар паси симхорҳои сарҳад ҷой гирифтаанд, душвор аст. Гурезаҳо сахт гуруснагӣ мекашиданд. Аз таъсири сармою бемориҳо атфолу куҳансолон мефавтиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 30 ҳазор нафар фирориён сарҳадро убур карда, ба қаламрави Давлати исломии Афғонистон гузаштанд. Кор ба ҷое расида буд, ки силоҳбадастон фарзандони гурезаҳоро бо яроқу аслиҳа иваз мекарданд, занону духтаронро дастаҳои мусаллаҳи афғонҳо зӯран мебурданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба Ватан бозпас овардани гурезаҳо тамоми чораҳоро меандешид...

Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ»,  шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2008
06:5528 июн

Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ», шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2008

27 июни соли 2008, дар рӯзи таҷлили 11-умин солгарди баимзорасиии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» кушода шуд. Маҷмааи мазкур рамзи асосии ҷашни ҳамонсолаи Ваҳдат буда, ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои зеботарини маркази вилояти Хатлон табдил додааст.

Воқеа дар навбати нон…
17:0427 июн

Воқеа дар навбати нон…

Ёди он рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ барои шоҳидони вақт боз сангинтар аст. Ҳарчанд он ба ҳукми таърих ворид шудааст, вале аз ёдҳо намеравад. Имрӯзҳо, баъзан дар маъракаҳо ва ё дар меҳмонӣ ношукриро нисбати нон мушоҳида мекунам ва як воқеаи ҳузнангези дар он рӯзҳои вазнин рухдода беихтиёр ба ёдам меояд. Ин воқеа дар назди як мағозаи хӯроквории шаҳри Қӯрғонтеппа, аниқтараш, дар навбати нон ба вуқӯъ пайваста буд.

Ифтихори миллати тоҷик
16:1127 июн

Ифтихори миллати тоҷик

Тоҷикистон ба сулҳи пойдор комёб гардида, имрӯз муаммоҳои аз замони шӯравӣ боқимонда ва масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва истиқлолияти энергетикӣ, паст намудани сатҳи камбизоатию баланд бардоштани шуғли аҳолӣ, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин раванди пайвастшавии минбаъдаи кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки зиндагӣ пеш мегузорад, ҳаллу фасл менамояд.

Пешвои сулҳофар
14:5426 июн

Пешвои сулҳофар

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тоза- истиқлоламон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.

Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»
07:1622 июн

Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Курси семоҳаи «Духтарони сарвар», ки аз 7 апрели соли 2017 то 21 июни соли 2017 идома кард, дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.

Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид
09:1820 июн

Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид

Озмуни “Армуғон-2017”, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон миёни занони ҳунарманди минтақаҳои вилояти Хатлон моҳи марти соли равон эълон гардида буд, дар Театри вилоятиии мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст гардид.