Дар як сатр
» Материалы за Май 2017 года
Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик
09:2326 май

Гурўҳҳои корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Роҳпаймоии ҷавонон ва доир намудани мусобиқаи велосипедронӣ таҳти унвони «Варзиш пайки дўстӣ» дар ноҳияи Темурмалик ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Корвони маърифат» рост омад.

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ
08:5426 май

Истеъдоди камназири рассоми ҷавон хатлонӣ

Акси одамони машҳурро бо истифода аз сангчаҳо тасвир кардан нияти аслии ман аст, - мегўяд Умед Саидов, рассоми ҷавони хатлонӣ, ки ба шеваи ҷолиб тасвиргарӣ мекунад. - Аз ҷумла имрўз бар сари офаридани портрети Пешвои миллат андеша дорам.

ДИИШ зулмат аст
15:1325 май

ДИИШ зулмат аст

Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, омӯзорон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок доштанд.

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»
09:3125 май

Шаҳритуз: Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – зидди ифротгароӣ ва терроризм»

Дер боз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ҷавонону аҳли ҷомеаи ноҳияро шомил шудани як идда ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистию террористӣ ва пайвастани онҳо ба гурўҳҳои ҷиноятпешаю ифротгаро ба ташвиш овардааст. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматови ноҳия нисбат ба деҳаҳои дигар бештар осебпазир буда, аз ин русто беш аз 10 нафар ҷавонони гумроҳшудаю фиребхўрда дар сафҳои ДИИШ меҷанганд.

Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон
09:0725 май

Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон

Забоншинос ва рўзноманигор Эраҷ Давлатови 29-соларо имрўз на танҳо дар доираҳои илмии Кўлоб хуб мешиносанду эътироф мекунанд, балки ин олими ҷавон бо натиҷаҳои намоёни илмиаш сазовори эҳтиром гаштааст.

Семинари омўзишӣ дар Кўлоб
09:0025 май

Семинари омўзишӣ дар Кўлоб

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, дар толори меҳмонхонаи «Кўлоб»-и шаҳри Кўлоб дар мавзўи «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоотҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд» семинари омўзишӣ баргузор гардид.

27 май - оғози моҳи мубораки Рамазон
08:5425 май

27 май - оғози моҳи мубораки Рамазон

Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тақвими моҳи шарифи Рамазонро тасдиқ намуд, ки тибқи он, Рамазон 30 рўз буда, 27-уми май оғоз мегардад.

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)
09:2524 май

Балҷувон. Мактабе, ки фаршаш аз гил аст (аксҳо)

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, хонандагон дар синфхонаҳои фарсудаи пур аз чангу хок таълим мегиранд.

Ваҳдат созандагист
09:2424 май

Ваҳдат созандагист

«Саҳми ман дар рушду нумўи ватан» чунин унвон дошт, чорабинии пуршукўҳи сиёсӣ- фарҳангӣ, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гашт.

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)
09:0824 май

Боздиди донишҷўён аз манзараҳои дилнишини Нораку Данғара (аксу видео)

Дар арафаи Рўзи ҷавонон, бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и шаҳри Қўрғонтеппа, сафари 120 донишҷўйро ба мавзеъҳои таърихии кишварамон ташкил диҳад, то онҳо бо фарҳангу таърихи миллату давлат ошноии бештаре пайдо кунанд.

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд
08:5324 май

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон аз 100% иҷро гардидани нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят
08:4824 май

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Муъминобод сафар карда, арзу ниёзи як гурўҳ сокинони маҳаллиро шунид.

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ
10:4223 май

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, бо як гурӯҳи ҷавонони фаъол мулоқот намуд

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ
10:0723 май

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Шурӯъ аз соли 2007 то инҷониб ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Ин навбат ҷавонону наврасони синну соли гуногуни шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атроф ба майдони Исмоили Сомонии маркази маъмурии вилоят омада, дар Дави миллӣ ширкат варзиданд.