Дар як сатр
» » САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

САРҶАМЪӢ МОРО ДАСТБОЛО МЕГАРДОНАД

30-05-2020, 00:25

Дар ин шабу рӯз ворисони Сино, табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандону хизматчиёни тиб дар саросари кишвар дар мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва пешгирӣ аз интиқоли он ҷаҳду талош доранд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ва зери назоратитабибон гирифтани шахсони эҳтимолӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст.

-Таваҷҷуҳи зиёди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолони ҷомеа ва сокинонба кормандони соҳаи тиб рӯҳбаландиву неруи тоза мебахшад, -мегӯяд муовини сартабиби ноҳияи мазкур Давлатмурод Назаров. –Имрӯз кулли кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз як гиребон сар бароварда, алайҳи ин беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии он мубориза бурда, рисолати муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Ба гуфтаи Давлатмурод Назаров, то имрӯз аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумакҳо, аз қабили маводи доруворӣ расонида шудааст. Аз тарафи маъмурияти беморхонаи марказӣ бошад, бааҳли оилаи 13 нафар кормандони тиб, ки дар шуъбаи сироятӣ фаъолият доранд, маводи хӯрока ва дигар воситаҳои пешгирикунанда кумак расонида шуд.

-Ҳамчунин, бо иқдоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва саховатпешагон Сайнуриддин Сайфов, Холмурод Асадуллозода, Абдуғаффор Эсанқулов ва Умар Баротовкормандони тиббие, ки дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ фаъолият доранд, кумак гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷабҳаи мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ ба кормандони тиббӣ ҳамдастии сокинон низ нақши муҳим бозида метавонад. Яъне, ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя намуда, дар сурати мушоҳидаи аломатҳои беморӣ бидуни тарсу ҳарос ба духтурони маҳал муроҷиат намоянд.

Ба ин мақсад, бинобар гуфтаи Давлатмурод Назаров, имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби кормандони муассиаҳои тиббӣ дар деҳоту маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Итминони комил дорем, ки бо истифода аз ақли солим дар якҷоягӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар мубориза бо бемории COVID-19 ва пешгирӣ аз интиқоли он муваффақ хоҳем гардид.

С. Ҷамолидддин




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КӮШОНИЁН. МАОШИ ЯКМОҲА БАРОИ ПЕШГИРИИ COVID-19

Ҳаёти иҷтимоӣ

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

Номаҳои Шумо

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ