Дар як сатр
» » ПОЯИ ДАВЛАТ НАМОНАД БЕ МОРИФ УСТУВОР...

ПОЯИ ДАВЛАТ НАМОНАД БЕ МОРИФ УСТУВОР...

30-05-2020, 00:19

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо-омӯзгорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Президенти мамлакат дар Паёми хеш, аз ҷумла чунин иброз намуданд: "Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд".

Дар робита ба ин гуфтаҳо ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла ба мо-омӯзгорон дастур дода шуд, ки сатҳу сифати таълимро дар тамоми зинаҳои таҳсилот баландтар бардорем, назорати дарсазхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонем, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ ҷалб намоем ва қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем. Ҳамин буд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълим ва бобати тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2020–2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму муаориф" эълон карда шуд, ки ин пешниҳод на танҳо боиси хурсандии мо – омӯзгорон балки мояи шодмонии тамоми қишрҳои ҷомеа гардид.

Сарвари давлат, ҳамчунин, ба омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, чунин таъкид намуданд: "Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем. Зимнан иброз медорам, ки ҳар як фарди забономӯз бояд аввал забони модарии худро нек донад ва пасон дар муқоиса бо забони модарӣ ӯ метавонад дигар забонҳоро низ аз худ намояд”.

Шоир Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ ҳам ба ин нукта ишора карда, барҳақ гуфтааст:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Инчунин, аз Паёми навбатии Пешвои давлат иттилоъ ёфтем, ки Конфронси генералии ЮНЕСКО дар бораи баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кардааст. Ҷашнгирии ин санаҳои бузурги таърихӣ дар миқёси байналмилалӣ бори дигар халқи тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ менамояд.

Мо – кормандони соҳаи маориф дар амалисозии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат худро пешгоми ҷомеа ҳисобида дар фаҳмондану амалисозии ҳадафҳои он саҳмгузор хоҳем буд.

Раҷабалӣ Худоёрзода,

дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАСТУРЕ, КИ МОРО БА ХУДШИНОСӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Ҳаёти иҷтимоӣ
РӮ БА КИТОБ ОВАРЕМ

РӮ БА КИТОБ ОВАРЕМ

Фарҳанг ва адабиёт

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

Ҳаёти иҷтимоӣ

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм