Дар як сатр
» » ВАҚТИ ОН АСТ, КИ КӮДАКОН ДАР ХОНА БИМОНАНД

ВАҚТИ ОН АСТ, КИ КӮДАКОН ДАР ХОНА БИМОНАНД

22-05-2020, 01:04

Ҳангоми поккории дару девори хона ногоҳ аз тиреза чашмам ба берун афтид. Панҷ-шаш нафар занҳои ҳамсоя дар сар рӯймоли сафед аз маросими дафни нафаре аз ақрабои яке аз ҳамсояҳо, ки дар дигар гӯшаи шаҳр зиндагӣ мекард, бармегаштаанд. Мавзӯи суҳбаташон, ки бемории коронавирус буд, дар берун хеле тӯл кашид. Аммо, агар дӯстона ҳам эрод бигирӣ, хафа мешаванд.

Охир, вазъи имрӯза моро ҳушдор медиҳад, ки аз чунин «ҷамъомад»-ҳо худдорӣ кунем, вақти суҳбат бо дигарон фосилаи муайян риоя намоем, аз ниқоб истифода барем. Вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ин тавсияҳо пурра риоя намешаванд.  

Чанд моҳ мешавад, ки тариқи оинаи нилгун ва матбуоти даврӣ масъулони ситодҳои амалкунанда ва мутахассисони соҳаи тиб ба мардум пайваста таъкид месозанд, ки нисбати саломатии худ ва наздикон беаҳамият набошанд. Бахусус, мо-занҳо ва модарон, бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем. Зеро покизагии хонаву ҳавлӣ, маҳали зист, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои табибон омили асосии пешгирӣ аз хуруҷи ин беморӣ мебошад.

Бо пайдоиши бемории сироятии коронавирус занон ба таҳлука афтода, дар фикри муваққатан баста шудани мактабу боғчаҳо буданд, то фарзандонашон аз назорат дур намонанд. Вале, намедонам аз чӣ бошад, ки ба маънии «карантини нарм», яъне дар хона нишастани кӯдакону наврасон дар айёми таътил, манфиати безарурат ба берун набаромадан, дар бисёр маҳаллаҳои шаҳри Бохтар ҳоло ҳам сарфаҳм намераванд, ё бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Мақсад аз озод кардани толибилмон аз дарс ин ҳифзи саломатии онҳост ва инро бояд ҳар як волидайн хуб дарк намоянд. Соатҳо бе ниқоб дар берун бозию гоҳе  беҳудагардӣ кардани кӯдакон дар баъзе маҳалҳо дарак аз он медиҳад, ки ҳоло ҳам баъзе модарон ба хатари ин беморӣ нисбат ба фарзандонашон андеша намекунанд. Ба сарулибоси кӯдакон, тозагии дасту рӯйи онҳо аҳамият намедиҳанд.

Банда ҳар рӯз шоҳиди ин  саҳнаи  дарднок ҳастам. Аввалин хавфи маҳаллае, ки мо зиндагӣ мекунем, он аст, ки рӯ ба рӯйи беморхонаи марказии шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Мардум бо роҳи ин маҳалла зиёд рафтуо мекунанд. Дуюм ин ки, дар наздикии бозори «Фаровон» қарор дорад ва сеюм, ҳавлиҳо хурд ва ба ҳам зич ҳастанд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос бояд сокинони ин маҳал нисбат ба ҳифзи саломатии худу наздиконашон ҷиддӣ муносибат намоянд. То ҷое медонам, то имрӯз кӯчаи маҳалли зисти мо безараргардонӣ нашудааст.

Дигар тарафи масъала ин аст, ки кӯдаконе, ки беназорат ҳастанд, модарони онҳо занҳои хонашинанд ва барои бо фарзандон машғулият гузаронидан вақти бештар доранд. Ман, ҳамчун модар дарк мекунам, ки яку якбора дар хона нигоҳ доштани кӯдакон мушкил аст, онҳо баъзан асабӣ мешаванд, бо дӯстону ҷӯраҳо будан мехоҳанд. Вале чӣ бояд кард, ин як давра ҳаст ва мегузарад, мо бояд то он вақт каме таҳаммулпазир бошем. Барои фарзандон реҷаи рӯз созем. Танҳо рӯзи дароз дар хона филм тамошо кардан ё бозӣ кардан салоҳи кор нест. Соатҳо онҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ ва аз азёд кардани шеъру ғазалҳо ташвиқ намоем. Гоҳе суҳбати озод бо фарзандон, омӯхтани забонҳо, расмкашӣ, бозиҳои оилавӣ ва дигар амалҳои якҷоя низ барои фарзандон дилхушист. Ин рӯзҳо бисёр имконияти хуб фароҳам аст барои омода шудан ба озмунҳои дарпешистода. Набояд фаромӯш созем, ки дунёи кӯдаконаи онҳо аз мо фарқ мекунад. Агар бештар завқи баромадан ба берун дошта бошанд, шабона, вақти оромӣ бо пӯшидани ниқобу дастпӯшакҳо 20-30 дақиқа дар ҳавои тоза, дар ҷойҳои камодам метавонем ба сайру гашт барорем. Ҳоло вақти сабзавоту ҳосили полезиҳост, метавонем аз рӯйи хоҳиши онҳо ҳар гуна хӯришҳои камхарҷ, аммо сервитамин омода созем.

«Навмед набояд шудан аз гардиши айём». Инаст панди бамавриди бузургон. Албатта, базудӣ ин вазъи ногувор эпидемикӣ ба эътидол меояд, вабои аср аз байн меравад, зиндагӣ ба маҷрои худ бармегардад. Хушбовар бошем, худ ва наздиконро эҳтиёт кунем. Агар дар риояи қоидаҳои беҳдоштию тавсияҳои табибон интизоми намунавӣ нишон диҳем, бовар дорам, ки мо бар ин вабо ба зудӣ пирӯз хоҳем омад.

Санавбар Сироҷева,

сокини шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУРОҶИАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ АМРИ ВОҶИБ АСТ

Номаҳои Шумо

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ

МУРОҶИАТНОМАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ ...

Ҳокимияти давлатӣ
Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ