Дар як сатр
» » КУЛФАТИ АСР - КОРОНАВИРУС

КУЛФАТИ АСР - КОРОНАВИРУС

22-05-2020, 00:59

Ибтидо ёфт ин фалокат андаруни Осиё,

Ё тасодуф асту ё воқиф буданд ҳам анбиё.

 

Саҳнаҳо аз синамо имрӯз ҳақиқат гаштаанд,

Он хаёли хому даҳшат бар ҳаёт зам гаштаанд.

 

Тоҷ бар сар карда, офоқро ҳукмронӣ кунад,

Бо ситеза вазъиятро тезу буҳронӣ кунад.

 

Аз хуруҷи ин вабо дунё фалаҷ гашту хароб,

Дар наҷоташ оҷиз аст он сарвату пулу зароб.

 

Кӯчаву гулгаштҳо майдони ҷангро мондаанд,

Аз сироят сокинонро дар "карантин” мондаанд.

 

Издиҳоми одамон дар изтироб асту валек,

Тоҷиронро нест адлу шафқату кирдори нек.

 

Нархи доруву ғизо як лаҳза бар кайҳон расид,

Одамиро ҳилаву макру шарри шайтон расид.

 

Дар мағоза ё дукон навбат чунон тӯлонӣ шуд,

Аз назорат тартибот дур, бесару сомонӣ шуд.

 

Он яке баҳри бадастории ризқу рӯзӣ аст,

Дигаре аз норасоӣ дар талоши дуздӣ аст.

 

Ҳар нафас, ки мекашӣ, дар он ниҳон хавфу хатар,

Меҳаросиву либосро бо ниқоб кардӣ ба бар.

 

Риштаи дидору меҳр низ канда шуд бо додарон,

Дар канор бигрифтаанд ҷо хоҳарону модарон.

 

Тифлакону наврасон муштоқи сайру бозианд,

Чун кабӯтар дилтангу дар қафас норозианд.

 

Суру шодӣ низ мубаддал гашт ба андуҳу ситам, 

Нола дорад рӯҳ дар тан, дил фигор гардид зи ғам.

 

Нобаҳангом аст аҷал, саршори орзую ҳавас,

Зери хок рафтанд ҳазорон одамон дар як нафас.

 

Аз риёву он фасоду носипосии башар,

Хашми Яздон гетиро имрӯз фаро бигрифт магар?

 

Мо заифему паноҳ дорем ба Ту аз ин бало,

З-ин мусибат бе Ту набвад бандагонатро раҳо.                   

 

Шуҳрати САИД,

ш. Бохтар


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст

Номаҳои Шумо

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ