Дар як сатр
» » ЁВОН. БЕЗАРАРГАРДОНИИ COVID-19

ЁВОН. БЕЗАРАРГАРДОНИИ COVID-19

22-05-2020, 00:58

- Аҳли маорифи ноҳияи Ёвон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотиро ба роҳ монда истодааст, - иттилоъ дод Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маориф.

Инчунин, бо ташаббуси шуъбаи маориф 3250 кг маводи безараргардонии хлор харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимию томактабӣ тақсим карда шуд, ки барои бори дуюм ва сеюм безараргардонии синфхонаҳо, ошхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз соҳаи маорифи ноҳияи номбурда тамоми фаъолияти худро дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) равона намуда, дар 85 муассисаи таълимӣ ва 7 муассисаи томактабӣ ситодҳои амалкунанда ташкил кардааст. Шурӯъ аз рӯзи 3 апрел то 15 майи соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бо фарогирии омӯзгорону хатм-кунандагон ва дигар кормандони соҳа, падару модарон ҷамъомад, суҳбатҳои фардӣ баҳри огоҳ будан аз пешгирии короновирус, бо усули синф ба синф, сарироҳӣ ва тариқи телефонҳои мобилӣ гузаронида шуд.

И. Нарсов афзуд, ки бесироятгардонии иншоотҳои муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи ҳазориспанд, риояи гигиенаи шахсӣ, ниқобпӯшӣ, ташкили рӯзҳои санитарӣ ба роҳ монда шуд. Дар даромадгоҳҳои ҳамаи биноҳои таълимӣ ва томактабӣ латтаи таркардашудаи хлордор, садди безараргардонӣ (дез.барер), дастшӯякҳо бо собун, безараргардонии дастаҳои дару тиреза ва лавозимоти таълимӣ ташкил карда шуд. Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кабинетҳои технологияи таълими меҳнат ва дар муассисаҳои таълимие, ки мошинаи дарздӯзӣ доранд, дӯхтани ниқобҳои муҳофизатии арзон ва ҷавобгӯй ба талаботи тиббиро ба роҳ монданд.

Масъулини соҳаи маориф тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои асосии нақшавии таълимӣ, аз ҷумла, батартибдарории журналҳои синфӣ, баҳогузории чорякҳо, ҷамъбасту аз синф ба синфгузаронии хонандагони синфҳои 4 - 8 ва 10, аттестатсияихатму ҳуҷҷатнигории хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11,омодагӣ ба ташкилу баргузории озмунҳои "Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”, "Тоҷикистон хонаи ободи ман”, "Навқаламони наврас”-ро анҷом доданд. Китобдорон бошанд, ба тақсимоти китобҳои бадеӣ ва дарсӣ машғуланд. Омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шуданд.

Бобати омодагӣ ба пайомадҳои буҳрони молиявӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф маслиҳатҳо дода шуд, ки оид ба масъалаҳои самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб замини корами наздиҳавлигӣ ва мактабӣ, кишти зироатҳои баҳорӣ, такрорӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

С. АЗИЗОВ,

рӯзноманигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

Маориф ва илм

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо

Санҷиши фаъолияти 301 муассисаи таълимӣ

Хабарҳо

Ш. ШОҲИН. АЗМИ БУНЁДИ 5 МАКТАБИ НАВ

Хабарҳо

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо