Дар як сатр
» » ХАЙРУ ЭҲСОН ВА ДАСТГИРИВУ КУМАК БОЯД БА НИЁЗМАНДОН ДОДА ШАВАНД

ХАЙРУ ЭҲСОН ВА ДАСТГИРИВУ КУМАК БОЯД БА НИЁЗМАНДОН ДОДА ШАВАНД

22-05-2020, 00:42

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон

Қурбон Ҳакимзода ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мову Шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки мусулмонон онро ҳамчун моҳи муқаддас эҳтиром менамоянд, қарор дорем. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват намуда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад. Ба ин муносибат тамоми сокинони сарбаланди вилоятро самимона табрику муборакбод менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон басо бамаврид қайд кардаанд, ки "анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор меравад”.

Ҳамзамон, бояд қайд намоем, ки тамоми намуди хайру эҳсон ва дастгириву кумак бояд мувофиқи таъиноти диниву иҷтимоӣ сарф карда шаванд, яъне ба ниёзмандон дода шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби ба миён омадани пандемия дар ҷаҳон вобаста ба бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) тамоми чорабиниҳои дастаҷамъона, аз ҷумла намози иди Рамазон ва идгардак бо мақсади пешгирии ин бемории сироятӣ то замони ба эътидол омадани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст.

Имрӯз мо бояд дар якҷоягӣ аз эҳтимоли ба тарсу таҳлука афтодаи омма пешгирӣ намоем, зеро зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар буда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳсӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мо бояд тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал намуда, пеш аз ҳама, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, аз худмуолиҷа намудан ва зиёдаравиҳо даст кашем.

Тибқи таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Яке аз амалҳои хайру савоб дастгирӣ намудани табибону беморони гирифтори бемории коронавирус маҳсуб мегардад. Бо ин мақсад дар вилоят бо дастури Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сироятии нави коронавирус суратҳисоби махсус аз ҷониби Сарраёсати молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» - №42, воқеъ дар шаҳри Бохтар, кушода шуда, тамоми маблағҳои воридгардида ҷиҳати пешгирии домангустарии ин беморӣ ва табобати нафарони бемор истифода бурда мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар фикри беҳбудии халқ буда, ба беморхонаҳо, табибон ва беморон кумакҳои пайваста мерасонанд, инчунин ба соҳибкорони бонангу номусе, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат кумакҳои ғизоӣ ва маводи доруворию лавозимоти тиббиро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас менамоянд, миннатдории самимонаи худро расонам.

Ҳамзамон, аз сокинони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, маблағҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд. Инчунин, вақти он аст, ки мо бо заҳмати софдилона ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро мақсадноку судманд истифода намоем ва ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда чораандешӣ кунем ва ба хотири таъмини фаровонии дастархони ҳар як хонадони тоҷик сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем.

Бори дигар тамоми сокинони вилоятро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, бароятон умри дарози бо баракати бедард, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мову Шумо дар арафаи иди саиди фФитр, ки мусулмонон онро ҳамчун моҳи муқаддас эҳтиром менамоянд, қарор дорем. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват намуда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад. Ба ин муносибат тамоми сокинони сарбаланди вилоятро самимона табрику муборакбод менамоям.

Бори дигар тамоми сокинони вилоятро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, бароятон умри дарози бо баракати бедард, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям. Ҳамватанони азиз!

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ

Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ
Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят ме ...

Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо