Дар як сатр
» » БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

БА ҶАВОНОНИ ХУДШИНОС ВА ВАТАНДӮСТИ ВИЛОЯТ ЭЪТИМОД ДОРЕМ

22-05-2020, 00:32

Табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз, ҳамдиёрони арҷманд!

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эътироф шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

Аз ҷумла, барои таҳсил, гирифтани саводу донишҳои амиқ, ҳамчун шаҳрвандони бомаърифат солиму тансиҳат, соҳибтамаддун, дорои ахлоқи ҳамида ба камол расидан ва доштани тамоми шароитҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муфиду самарабахш роҳандозӣ гардида истодаанд.

Бо дастури Пешвои муаззами миллат аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шуд.

Сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирию ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндасози мамлакат дар меҳвари сиёсати Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки имтиёзҳои пешбинишуда ба ҷавонон гувоҳи гуфтаҳои болост.

Ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба насли наврас ва ҷавон бағоят бузург буда, ҷавонони мо имрӯз бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари ҷавонпарвар бо амалҳои нек ва шоиста, донишу малака ва завқи баланди зебоипарастӣ дар созандагию бунёдкорӣ ва ободии Ватан садоқатмандона ва фаъолона ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби ҷавонон ба таҳсил, илм ва касбу ҳунаромӯзӣшароити созгорро фароҳам овардааст.

Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол шумораи ҷавонони донишҷӯй дар муассисаҳои таълимии касбии бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар афзуда истодааст.

Дар давоми се соли охир аз 24 шаҳру ноҳияивилояти Хатлон 1519нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавондухтарону писарон тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ қабул гардидаанд, ки муваффақона таҳсилро давом дода истодаанд.

Шумораи ҷавонони дар муассисаҳои таълимии давлатии давлатҳои хориҷӣ таҳсилдошта дар зарфи 3 соли охир дар сатҳи вилоят 7246 нафарро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ва донишҷӯёни аълохон, ихтироъкор ва эҷодкору навовари муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят стипендияи номии раиси вилояти Хатлон ба зиёда аз 200 нафар устодону олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони аълохон муқаррар гардидааст, ки ҳамасола бархӯрдор мегарданд.

Ҳамзамон, барои кормандони соҳаҳои илму маориф Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ва як қатор имтиёзҳои дигар пешбинӣ шудааст, ки ҷавонон ҳамеша дастгирӣ меёбанд.

Дар ин росто, ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва тандурустии вилоят барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, инчунин ба хатмкунандагон барои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ба роҳбари муассисаи таълимии дахлдор ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои дастовардҳои назаррас дар ҳаракатҳои олимпӣ, олипиадаҳои фаннӣ ва озмуну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба маблағи муайян мукофотҳои ҳавасмандсозӣ муқаррар гардида, ҳамасола ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад, ки ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.

Воқеан ҳам, ба қавли Пешвои муаззами миллат: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намоянд».

Дар замири ҷавонон, ки давомдиҳандаи кору пайкори насли калонсоланд, парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан-модар, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳувияти ватандорӣ масъулияти ҳар яки мову шумост, зеро муҳофизати марзу бум, эҳёи расму оин, ояндаи давлату миллат ба дӯши онҳо мебошад.

Ман ба ҷавонони бонангу номус, худшинос ва ватандӯсти вилояти Хатлон баҳри ҳифзи хоки муқаддаси меҳан ва пос доштани арзишҳои миллӣ эътимоди комил дорам. Дар тақвияти ин гуфтаҳо мехоҳам иброз дорам, ки маҳз ватандӯстию масъулияти баланди шаҳрвандии ҷавонон нишон дод, ки соли равон нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони рӯҳан ва ҷисман тарбияёфта пеш аз муҳлат иҷро гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷавонони худшиносу ватандӯст ва муҳофизони ҷасур равона гардиданд.

Итминони комил дорам, ки ин ҷавонон, афсарону сарбозон, марзбонони кишвар хоки Ватани маҳбубро ҳимоя карда, бо сарбаландӣ ба назди волидайн бармегарданд ва дар оянда низ ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватан хизмат хоҳанд кард.

Дар чунин як вазъияти ниҳоят ҳассос, ки бемории мазкур ҷаҳонро ба тавшиш овардааст, мову шуморо мебояд нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк карда, ба қадри саломатӣ, ки неъмати бебаҳост, расем.

Чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ ва бузургтарин ҷашн - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дар пеш аст. Боварӣ дорам, ки ҷавонони бонангу номус ва саодатманди вилояти Хатлон дар ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, инчунин корҳои ободонию созандагӣ саҳми босазои худро мегузоранд.

Тоҷикистони азиз ба ақлу хирад, неруи бунёдкоронаву созандаи ҷавонон такя менамояд.

Бароятон саломативу сарбаландӣ, рӯзгори пурбарору фараҳбахш, ояндаи дурахшон таманно дорам.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ МОСТ

Номаҳои Шумо
ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

ЗАҲМАТИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОН ҲАМЕША БАЛАНД АРЗЁБӢ МЕГАРДАД

Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

САТҲУ СИФАТИ ДОНИШАНДӮЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ФАРЗАНДОНРО БЕҲТАР НАМОЕМ

Ҳокимияти давлатӣ
Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

Пешвои миллат: «Дар симои ҳар як ҷавон соҳиби ҳақиқии мамлакатро мебинам”

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм