Дар як сатр
» » Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ

15-11-2017, 10:44

Фактҳо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ


Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 17 рўз - аз 16 ноябри соли 1992 то 2 декабри соли 1992 - идома кард.

Чаро Иҷлосияи XVI дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе барпо нагашт? Зеро дар Душанбе дар он айёми пурошўб гузаронидани иҷлосия ва, умуман, ягон ҷаласаи дигар комилан имкон надошт. Пойтахт ба арсаи задухўрди қувваҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарону муштзўрон табдил ёфта буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, Конститутсия ва дигар қонунҳо зери по шуда буданд. Бисёр шаҳрвандон, аз ҷумла зиёиён, аз бими ҷон шаҳрро тарк карда буданд, чунки ҳеҷ кас амният ва ҳуқуқи онҳоро ҳифз карда наметавонист. Дар ҳолате ки чандин нафар вакилони халқ ва аъзои Ҳукумат гаравгон гирифта шуданд, Президенти аз ҷониби халқ интихобшуда Раҳмон Набиев зери мили силоҳ дар толори фурудгоҳи шаҳри Душанбе маҷбуран аз вазифа истеъфо дод ва Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз уҳдаи кор набаромада, истеъфои худро эълон кард, ҳеҷ кас ба ояндаи нек умед баста наметавонист. Дар мамлакат фазои мудҳиши бенизомиву бесарусомонӣ, беҳокимиятиву анархия ҳукмрон буд. Дар чунин шароити тоқатфарсо касе масъулияти бехатарии вакилони мардумро ба худ гирифта наметавонист. Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия на дар пойтахт, балки дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гашт.

Дар кори Иҷлосия аз 222 вакил - рўзи якум 193 нафар, пасон 197 нафар иштирок намуд ва дар он дар маҷмўъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.

19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дилпурона овоз доданд ва ў Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Роҳбари давлат интихоб гардид.

Вакил аз ҳавзаи интихоботии №172 Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш ҳамагӣ 40 сол дошт.

ҚАРОРИ ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси маҷлиси сессияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Табаров

шаҳри Хуҷанд, 19 ноябри соли 1992


Эмомалӣ Раҳмон корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кард, ки тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдии он ба шумор мерафтанд.

Дар ҳамин замина, масъалаҳои қатъ намудани амалиётҳои низомӣ, ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, дар шакли музокироти сулҳхоҳона ҳаллу фасл намудани ихтилофу зиддияти тарафҳо, бесилоҳ ва пароканда кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ба ватан, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонидани фирориёнро ҳамчун масъалаҳое эълон гардиданд, ки бояд бетаъхир ва дар навбати аввал ҳал карда мешуданд.

Роҳбарони ситодҳо ва фармондеҳони сохторҳову қувваҳои низомии ҳар ду тарафро дар толори иҷлосия ҷамъ овардан ва дар назди Парчами Тоҷикистон савганди садоқат ёд кардани онҳо, ҳарчанд иқдоми хеле хатарнок буд, аз ҷумлаи қадамҳои аввалини фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳ ба шумор меравад. Яъне, кўшиши нахустин барои таъмини оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби тарафҳои даргир ва бе миёнаравии ташкилотҳои байналхалқӣ ё кишварҳои дигар сурат гирифт.

Ба хотири пойдории уҳдадориҳои оташбас ва супоридани силоҳи оташфишон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд”, қонун қабул карда шуд, ки моҳиятан барои фароҳам овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин ба шумор мерафт.

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

Аввалан, вобаста ба марҳилаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шўрои Олӣ, Шўрои Вазирон ва Раёсати Шўрои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шўрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шўрои Олӣ гузошта шуд ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

Дуюм, масъалаи ҷиддие, ки ҳамчунин он рўзҳо бояд бетаъхир ҳаллу фасл карда мешуд, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро, чунон ки зикр намудем, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия пурра аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурўҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.

Сеюм масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад, ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Чорум масъалае, ки ҳамчунин ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иҷлосияи XVI ва оғози равандҳои созанда

Иҷлосияи XVI ва оғози равандҳои созанда

Хабарҳо
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Артиши сулҳовари мо

Артиши сулҳовари мо

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо