Дар як сатр
» » ҶАВОНМАРДИ ҶАВОНМАРГ

ҶАВОНМАРДИ ҶАВОНМАРГ

14-05-2020, 01:18

Искандар аз воқеаҳои рӯзҳои охир баамаломада хеле парешонхотир буд. Изтироб дошт. Дилаш ба ҳоли ҳамватанонаш месӯхт. Нисбати он нафароне, ки барои мансабу курсӣ шуда, Тоҷикистонро ба хоку хун кашида буданд, нафрин мехонд. Медид, ки чӣ навъ бародар бо бародар муқобили ҳам истода, туфанг гирифтаанд, ташнаи хуни якдигаранд. Ӯ хуб медонист, ки бо хомӯш истодану худро бетараф гирифтан муроде ҳосил намешавад. Ва ин шумқадамон, онҳое, ки ба гурӯҳҳои мансабталаб, алалхусус Ҳизби наҳзати исломӣ, шомил буданд, аз ҳеҷ дасиса, куштору ғорат даст намебардоранд. Барои онҳоро саркӯб намудану пеши роҳи онҳоро гирифтан мубориза бояд бурд, муборизаи беамон. Ин корро барои худ вазифаи муқаддаси ватандорӣ, миллатпарварӣ ва масъулияти хештаншиносӣ меҳисобид.

Искандар рӯзноманигор буд. Дар рӯзномаи вилоятии «Новий Хатлон» ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият мекард. Қаблан пешаи омӯзгорӣ дошт. Аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегуфт. Хатмкардаи (соли 1979) Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, бахши забони русӣ буд. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Дониши баланд, муносибати самимиашро ба назар гирифта, роҳбарияти донишгоҳ ӯро ба кор, ба сифати муаллими забони русӣ даъват карданд. Муаллим шуд, аз иҷрои вазифаи касбӣ бо сарбаландӣ мебаромад. Байни ҳамкорон ва донишҷӯён эҳтироми зиёде пайдо кард.

Баробари кори омӯзгорӣ бо рӯзномаи вилоятии «Кул-ябская правда» ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои гуногун матлабҳои таҳлилию танқидӣ менавишт. Ҳам ба ҳайати кории рӯзнома писанд буду ҳам ба хонандагонаш.

Рустам Одинаев, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии«Кулябская правда» Искандарро хеле хуб баҳогузорӣ ва ёдоварӣ менамояд.

- Искандарро хеле хуб мешинохтам ва дар хотир дорам. Бо мо ҳамкорӣ мекард, маводҳои хонданбоб менавишт. Эътибораш дар байни коллективи рӯзнома, ҳарчанд коргари рӯзнома набуд, хеле баланд буд. Сармуҳаррири рӯзнома Владимир Красотин бисёр таърифаш мекард. Искандар пеш аз ҳама инсоне буд бо маънои томаш комил, некдил, хушмуомила, нексиришт, ошкоро сухан мегуфт, бадро баду некро нек ба қалам медод. Ҳақгӯю ҳақпараст буд. Агар марги нобаҳангом, дасти хуношоми гурӯҳҳои ифротӣ ӯро аз байни мо намебурд, шахси шинохтае мешуду рӯзноманигори олию устоди сухан.

Хуллас, Искандар Каримов аз меҳнату заҳмати худ, сеҳри қаламаш дар ҷамъият мавқеъ пайдо мекард. Ин буд, ки баъди қариб даҳ сол боз Владимир Красотин ӯро пайдо намуд. Хоҳиш кард, ки ба шаҳри Қурғонтеппа биёяд. Кораш дорад. Искандар не нагуфт, рафт рӯзномаи вилоятии «Новий Хатлон» . Красотинро дар мансаби сармуҳаррирӣ дида, табрикаш намуд. Муҳаррир баъди салому алек ва ҳолпурсӣ намуд, ки ба Қӯрғонтеппа биёяд, ҳамроҳ дар рӯзнома кор кунанд. Даъвати муҳаррирро Искандар пазируфта, ба шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) омад, аввал ба ҳайси мудири шуъба ва баъдан муовини сармуҳаррир корро идома дод. Ин соли 1989 буд.Давраҳои хеле орому осуда, тинҷию амонӣ. Вале ин дер накашид. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ кор дигаргуна сурат гирифт. Мансабхоҳону ҷоҳталабон бо ҳар роҳу восита мехостанд сари қудрат омада, ҳадафҳои сиёсию иқдисодии худро пиёда намоянд. Ва аз ҳама гурӯҳи хавфнокаш ин ҲНИТ буд, ки баъдҳо чеҳраи худро хеле равшану возеҳ, ҳамчун ҳизби террорист баръало нишон дод. Ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Онҳоеро, ки сади роҳ мешуданд, бе ҳеҷ андеша нест мекарданд.

Амалу рафтори Искандар, навиштаҳояш дар рӯзнома ба ин гурӯҳ-ҲНИТ писанд наомад. Борҳо ҳушдораш ҳам доданд. Вале аз роҳаш нагашт. Искандар ҳамоно менавишту менавишт. Болокории ин, азбаски забони русиро хеле хуб медонисту қалами тез дошт дар Фронти халқии он вақт таъсисёфта низ фаъолият мекард. Маводҳои зарурӣ, баромаду муроҷиатнома ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро рӯи қоғаз меовард.

Ба қавли ҳамсараш Нуринисо, як навиштааш сари Искандарро хӯрдааст. Ҳамон шабу рӯз дар бораи фаъолияти хуби кадом як полковники милиса, хизматҳои ӯ дар ором кардану ба тартиб овардани ҷомеа навиштааст. Баъди чопи мақола чанд нафар ҷавони силоҳбадаст ӯро боздошт намуда, хеле пурсупос намудаанд, гуфтанд, ки чаро дар бораи як хиёнаткори мо навишта, ӯро таърифу тавсиф кардӣ. Ту бо ин корат ҷавоб медиҳӣ. Вале Искандар натарсид. Ҷавони далеру нотарс, ки буд, корашро давом дод.Силоҳбадастон, худобехабарон аз раъяшон нагаштанд. Бозам менавишт.

…Боре дар хона ба ҳамсараш Нуринисо мегӯяд, ки чанд вақт боз аз ҳоли модараш хабар нагирифтааст. Нияти Кӯлоб рафтану, аз ҳоли модараш хабар гирифтан дорад. (Аз нақли Нуринисо) Вале дидани рӯи модари пазмону зодгоҳи азизаш-Кӯлоб барояш муяссар нагардид. Ин орзуро ба хоқ бурд.

- Саҳари рузи дигар бояд аввал ба ҷои кор мерафт, баъдан ба Кӯлоб ба дидорбинии модараш,- нақлашро идома медиҳад Нуринисо Вале дигар нафаре ӯро надид, дар борааш низ чизе нашунид. Ӯро на дар Кӯлоб диданду на дар хонааш Қӯрғонтеппашаҳр. Баъд маълум гашт, ки як гурӯҳ силоҳбадастон ӯро дар роҳ дошта, ба ким-куҷое бурдаанд.Дигар то имрӯз аз Искандар Каримов ному нишоне нест, ба ҷуз номи неку кори нек ва хислатҳои беҳтарини инсонияш, ки дар ёди мо мондааст.

Ҳамсараш Нуринисо Искандарро ҳамчун фарди асил, одами нотакрор, хушмуомила, ширинсухан, некдилу порсо, ҳақиқатҷӯю ҳақиқатпараст ва ҳалиму порсо ба ёд меорад.

Дар он шабу рӯз бар асари даргириҳо, кушторҳо бисёр оилаҳо хонаю дари худро партофта, рӯ ба гурез оварда буданд. Ҳонаҳои холӣ низ хеле зиёд буд, ба ёд меорад он рӯзҳоро Нуринисо. Рӯзе ба таври нимшӯхию нимҷиддӣ ба Искандар гуфтам: «Ҳамин қадар мардум рафта, хонаҳои холиро соҳиб шуданду мо дар як хоначаи нокора зиндагӣ кунем. Намешавад, ки мо низ ягон хонаашро гирем?” Раҳматӣ аввал ба ман хеле нигоҳ кард, дар нигоҳаш қаҳрро эҳсос кардаму аз гуфтаам ҳам пушаймон шудам. Пас ба ман гуфт:

- Набояд одамӣ аз рӯзи бади кас барояш хушрӯзӣ созад. Ҳама чиз саволу ҷавоб дорад. Ҳамин молу чизгирӣ ҳам. Ин ҷангу ҷанҷол дер давом намекунад. Давоми се- чор сол ҳама ором мешвад. Пас ҷавоби ин корҳоро ҳам бояд гуфт.

Оре, барои Искандар одамӣ, меҳру муҳаббат, дасти ҳам гирифтан дар ҷои аввал меистод. Инсоне буд боандеша, хоксору дурандеш, ботамкину фурӯтан. Инро аз ҳар як навиштааш эҳсос мекардӣ. Инро танҳо онҳое, ки қалбу тинаташон сиёҳ буду амалашон бадкорӣ ва зиштӣ ҳис накарданд. Надонистанд, ки ин марди некдил барои сарҷамъии мардуми кишвар менависаду оммаро ба сулҳу ваҳдат даъват мекунад. Вале афсӯс, ки инро нодида гирифтанду Искандарро аз байни мо ва хосатан аз сарпарастии фарзандонаш рабуданд.

"Сулҳи деринтизори мо омад...”, - чуноне шоири ширинкалом Лоиқ навишта буд. Бо кӯшишу заҳматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу дӯстӣ, амният барқарор гардид, фирориён низ ба ватан баргашта, манзилҳои худро соҳиб гардиданд. Ҳама дасти ҳам гирифта, ба сохтмони ҷомеаи соҳибистиқлолу демократӣ шуруъ карданд ва чунин давлатро низ побарҷо намуданд. Кош Искандар Каримов то ба имрӯз зинда мебуду ин сулҳу дӯстӣ, амонӣ, сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагиро бо чашми худ медиду армони дил мешикаст.

Вале, ҳайҳот ӯро ҷавонмарг карданд. Нагузоштанд, ки орзуҳои дилашро амалӣ намояд.

Дар ин ҳафтаи поси хотир, аз ҳамкори худ ёдоварӣ намуда, дар ҳаққаш мегӯем: "Рӯҳат шоду манзилат обод бод, бародару дӯсти азиз!”

Наҷот САФАРЗОДА




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СӮГВОРӢ: МАРГИ СОҲИБДИЛ ҶАҲОНЕРО ДАЛЕЛИ КУЛФАТ АСТ

СӮГВОРӢ: МАРГИ СОҲИБДИЛ ҶАҲОНЕРО ДАЛЕЛИ КУЛФАТ АСТ

Чеҳранигорӣ
Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

Чеҳранигорӣ
Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Чеҳранигорӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ