Дар як сатр
» » МУБОРИЗАИ ИНТЕГРАТСИОНӢ БАР ЗИДДИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОНИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

МУБОРИЗАИ ИНТЕГРАТСИОНӢ БАР ЗИДДИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОНИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

14-05-2020, 01:17

Бо тулӯи хуршеди Истиқлолияти давлатӣ таваҷ-ҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ бештар гардида, дар ин самт комёбиҳо ба назар мерасанд. Олимон ва кормандони муассисаҳои давлатию илмии муҳофизати растаниҳо бо кишоварзони ҷумҳурӣ оид ба ҳосилхезии заминҳо, ба даст овардани ҳосили баланд аз заминҳо ҳамкорӣ карда, тадқиқотҳои илмию амалӣ гузаронида истодаанд.

Яке аз ингуна тадқиқоти шоён омӯзиши хусусиятҳои экологии зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ мебошад , ки дар ташкили чораҳои муҳими мубориза ва танзими шумораи онҳо нақши асосӣ мебозад.

Барои донистани моҳияти муборизаи интегратсионӣ олимони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта cap карда, таркиби ин шакли муборизаро омӯхта, тавсияҳои илман асоснокро таҳия менамоянд, ки дар ин самт омӯзиши хусусиятҳои экологию биологии зараррасонҳои пахта хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад, дар заминҳои пахтазори Ҷамоати деҳоти "Шаталов” ва "Зиракӣ”-и ноҳияи Кӯлоб тадқиқот амалӣ карда шуданд.

Натиҷаи тадқиқот нишон доданд, ки айни замон ба зироати пахта дар сохтори навини минтақаи Кӯлоб ду намуди ҳашарот - кирмаки решаи пахта (Helicoverpa armigera Hbn) ва кирмаки кӯраки пахта (Agrotis segetum) бештар зарар мерасонанд.

Пахтаро, асосан, кирмаки решаи пахта зарар мерасонад. Дигар наслҳояш бошад, инкишофашон дар дигар зироатҳо ва алафҳои бегона мегузарад. Давраи зараррасонӣ ва ғизогирии ин кирмак дар пахта аз саршавии сабзиши пахта то пайдо шудани 6-8 барги асосии он ба қайд гирифта мешавад. Ин давраро аз ҷиҳати ғизогирӣ ва зараррасонии кирмак ба ду қисм ҷудо мекунанд. Дар аввали сабзиш кирмакҳо метавонанд тамоман решаи пахтаро нест кунанд ва ниҳолҳо нобуд шаванд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки шумораи ниҳолҳои пахта аз меъёри муқаррарӣ дар қитъаи замини пахта кам гардида, ба ҳосилнокии ками пахтазор оварда мерасонад. Дар дигар ҳолат бошад, вақте ки решаи пахта сахт ва барои ғизогирии кирмак номувофиқ мешавад, дар ниҳолҳо 4-5 барги асоси пайдо шуда, дар замини пахта мавҷудияти алафҳои бегонаи ҷалбкунандаи кирмак ба назар намерасад, он гоҳ зараррасон аз ҳисоби баргҳои ниҳолҳои пахта ғизо мегирад. Дар шароити минтақаи Кӯлоб хавфноктарин давраи зараррасонии кирмакҳо ба пахта аз даҳаи 3-юм моҳи май оғоз шуда, 10 рӯз идома меёбад. Яъне, дар он мавриде, ки кирмаки решаи пахта дар марҳилаи инкишоф қарор дошта бошанд. Дар аксарият мавридҳо шумораи кирмакҳо бениҳоят бисёр мешаванд, аммо онҳо аз таъсири омилҳои экологии замин, ба пахта камтар зарар мерасонанд. Махсусан, ҳангоми мавҷуд будани алафҳои бегона дар замини пахта ва наздик будани он ба заминҳои юнучқа.

Махсусан, зараррасонии кирмакҳо дар он заминҳое ба қайд гирифта мешавад, ки шумораи ниҳолҳо кам ва ё ниҳолҳо аз нашъунамо қафо монда бошанд.

Ҳамаи ин ҳолатҳои агротехникиро ба назар гирифта, дар даҳаи 3-юми моҳи май зидди ин ҳашароти зараррасон бояд заҳрдору пошида шавад. Агар дар пахтаи барвақт киштшуда ва тамоман алафи бегона надошта, шумораи кирмакҳои синну соли чорум ба 1 дона дар 1м2 баробар бошад, дар пахтаи дер киштшуда ин чорабинӣ дар ҳоле гузаронида мешавад, ки шумораи кирмакҳо 0,3 то 0,5 фардро дар 1м2 ташкил намоянд.

Барои он ки зараррасонии кирмакҳо дар оянда зиёд нашавад, дар заминҳои пахта боз баъзе қоидаҳои агротехникиро риоя кардан лозим аст. Лозим аст то даҳаи сеюми моҳи май алафҳои бегонаи дар замини пахта рӯида якчанд рӯз (3-4) нигоҳ дошта шаванд, то ки кирмакҳо аз ҳисоби алафҳои бегона ғизо гирифта ба зоча мубаддал шаванд ва ба ниҳолҳои пахта зарари кам расонанд.

Ҳашароти зараррасон шапалаки кирмаки кӯраки пахта ба ҳисоб меравад. Дар шароити водиҳои пахтакори Тоҷикистон ин намуд аз 3 то 5 маротиба насл медиҳад. Дар пахта 2 наслаш зарари ҷиддӣ мерасонанд. Инкишофи насли якумаш дар моҳи июн ва 2-юмаш бошад, ба моҳи июл рост меояд. Аммо, дар айни замон, ин ҳолат дар пахта дида намешавад ва дар помидор ба қайд гирифта мешавад, махсусан, дар минтақаи Хатлон. Давраи хавфноктарини зараррасонии насли яккум дар нимаи 2-юми моҳи июн ва дуюмаш дар нимаи дуюми моҳи июл ба кайд гирифта мешавад. Шумора ва зараррасонии ин наслҳо аз заминҳои пахта, асосан, аз омилҳои гуногуни экологӣ вобастагӣ доранд. Махсусан, аз нашъунамои ниҳолҳои пахтаи замин ва агротехникае, ки пахтаро месабзонанд. Аз омилҳои агротехникӣ, асосан, обмонӣ, пошидани нуриҳои азотӣ, сарчинкунӣ ва инчунин баландии пахта метавонанд шумораи зараррасонро дар зироат танзим диҳанд.

Инчунин, кишти сари-вақтии пахта, ки дар аввали моҳи апрел гузаронида мешавад, қобилияти зараррасонии ҳашаротҳо, аз ҷумла, болсафедакро ба қадри имкон кам мегардонад. Кишоварзони боҳиммат, айни замон, ки муҳлати хуби коркарди ниҳолони пахта аст, аз тавсияҳои олимони соҳа самаранок истифода бурдан боиси безарарӣ ба пахтазор ва ҳосили хуби пахта хоҳад гашт.

Зилқадамоҳ Ботурова,

корманди Маркази

илмии Хатлон 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо

Дурнамои пахта 30% иҷро шуд

Хабарҳо
Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА