Дар як сатр
» » ЧАРО ҲАМСОЯИ МО ХОСТГОРИ ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА НЕСТ?

ЧАРО ҲАМСОЯИ МО ХОСТГОРИ ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА НЕСТ?

14-05-2020, 01:15

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

8 майи соли 2020 сокинони маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Боткон хонаи истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара Нарзулло Абдуллоевро оташ заданд, ки дар натиҷа бино фурӯ рафта, корношоям гаштааст.

9 майи соли 2020, соати 21:20 шаҳрвандони Қирғизистон бидуни сабабе мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти "Чоркӯҳ” Зафар Аъзамовро мавриди сангборон қарор дода, шишаҳои онро шикастанд.

Шаби 8-ум ба 9-майи соли 2020 тахминан аз соати 02:00 то 02:30 дар марз тирпарронӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз сурат гирифт, ки мувофиқи маълумоти расида бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников ҷараён дошт. Тирпаррониҳои бетартибона танҳо соати 02:30 баъд аз дахолати намояндагони ВКД ва Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя қатъ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ин 3 воқеаи нохуши дар даҳрӯзаи аввали соли равон рухдода идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2019 аст.

Давоми соли 2019 дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 14 маротиба муноқишаю тирпарронӣ рух додаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва зиёда аз 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар охирин ҳодисаи соли 2019 дар марз рухдода аз тири силоҳи шикории шаҳрвандони Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти "Чоркӯҳ”-и шаҳри Исфара Сафарова Тайиба ярадор шуд, ки мавсуф то ҳол таҳти назорати табибон қарор дорад.

Сокинони маҳалҳои наздисарҳадии деҳоти "Чоркӯҳ” ва "Ворух” дар тарҳрезӣ ва рухдоди ин ҳодисаҳои иғвогаронаю моҷароангез беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла сардори дидбонгоҳи «Кок-Тош» Мирбек Султанбековро сабабгору гунаҳкор меҳисобанд.

Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои иғвогаронаю моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони Қирғизистон, ҳамчунон, дар минтақаҳои марзиашон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ сурат мегирад.

Бино бар иттилои васоити ахбори умум рӯзи 6 январи соли 2020 айнан чунин як ҳодиса ва муноқиша дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон, дар қарибии деҳаи Кок-Тоши вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, дар минтақаи ба истилоҳи дӯстдоштаи қирғизҳо «марзаш ҳанӯз номуайян» рух додааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, шаҳрвандон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон амалҳои иғвогарона ва ҳодисаҳои моҷароангезро маҳз дар минтақаҳои марзашон номуайян - ҳанӯз делимитатсия ва демаркатсиянашудаи сарҳади давлатӣ ташкилу роҳандозӣ мекунанд, ки ҳадафу мақсади онҳо ҳатто ба кӯдаки мактабхон маълум аст.

Комрон РАСУЛОВ,

омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯст ...

Сиёсат
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Хабарҳо
Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Театри Хатлон аз Бишкек 3 ҷоиза овард

Театри Хатлон аз Бишкек 3 ҷоиза овард

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР