Дар як сатр

САДО АЗ ТОБУТ

14-05-2020, 01:14

Соли оянда мардуми шарифи кишвари куҳанбунёду тозаистиқлоли мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии ватани азиз - Тоҷикистонро ҷашн мегирад.

Ба ин муносибат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хурду калон бо рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳандӯстӣ кору пайкор доранд. Сокинони ҷумҳурӣ  дар шодиву нишот, дарду  ғами ҳамдигар шариканду намегузоранд, ки нокасу нохалафе ба пешравии кори онҳо монеа эҷод намоянд, сухани ғаразомезе бибофанду тамоми дастовардҳоро нодида гирифта, санги маломат ба давлату Ҳукумат зананд. Чунончӣ, намояндагони ТЭТ ҳизби мамнуъи ислом бо сарварии Кабирии ношукр, ки гурӯҳе бо номи «Паймони миллӣ» ташкил дода, ҳамин, ки диданд. Тоҷикистон ба дастоварде ноил мегардад, дар арсаи ҷаҳонӣ бо иқдоми созандаи наве баромад мекунад, бе ягон андеша бадкирдорона туҳмате менависанд, тариқи маҳфилаки худ баромад ташкил мекунанд. Ҳоло, ки имконияти техникии иттиллот васеъ гардидааст, ин тойифа шаб хоб мебинанду саҳар дуруғҳо бофта, дар шабакаҳо ҷой медиҳанд. Вале мардум, акнун, ки онҳоро хуб шинохтааст, ба гапашон аҳамият намедиҳад, чун корвониён роҳи худро дигар намекунанд, ҳар яке аз пайи кору пайкори худанд.

Инак чандест, ки ҷаҳонро хавфи бемории нави сироятии коронавирус фаро гирифтааст. Тамоми олимон, коршиносон, табибону корафтодагон роҳҳои раҳоӣ аз ин вабои асрро меҷӯянд. Дар такя бо таҷриба аз якдигар маслиҳат мепурсанд, то мардум дигар сироят наёбанд, дар байни омма корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи омилҳои пешгирӣ ва сироятнаёфтанро пеш мебаранд.

Дар ҳамин мавриди бисёр ҳассос ҷониби гурӯҳи ба ном паймонкорони дар асл бепаймон боз мавзӯи нав ёфтаанд. Садое чун аз тобут баланд шуда истодааст. Роҳбарияту Ҳукумати Тоҷикистон, ба қавли онон дар мавриди пайдоишу мавҷудияти коронавирус гӯё хомӯш бошад. Маълум мешавад, ки онҳо на аз ахборот огоҳӣ доранду на аз фаҳмиши мардум нисбати ин беморӣ, ки дар Тоҷикистон тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешавад. Ба ҷойи он ҳама ҳангомахоҳиву беасос туҳматбофиҳо, кош яке аз онҳо мегуфт: «Ёфтем роҳи халосӣ аз ин бемориро, ин аст ваксинаи он».

М. АШӮРОВ, узви ИЖТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ

КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН БЕМОРӢ

Тандурустӣ ва экология

Маҳкум мекунем

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо

Конференсияи хоинон ё ҷустуҷӯйи маблағгузорон

Хабарҳо