Дар як сатр
» » БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАР МАҲАЛҲО

БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАР МАҲАЛҲО

14-05-2020, 01:13

Кӯлоб. Коршиносони Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии дизенфексионӣ профилактикӣ ва Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ бо ҷалби техникаҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб корҳои фармоиширо ба роҳ монданд. Барои гузаронидани ин тадбир маҳлулҳои безараргардонӣ ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҳайёст.

Ҳоло диққати асосӣ ба ҷойҳои серодам, терминалҳо, марказҳои савдо, бозорҳо ва хонаҳои баландошёна дода мешавад. Бозори "Саховат”-и шаҳрро пайваста безарар мегардонанд ва дар баробари ин, ҳафтае як бор рӯзи санитарӣ эълон гардида, тамизкорӣ ва корҳои безараргардонӣ карда мешавад. 

Дар бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаҳои баландошёна варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ насб карда шудаанд. 

Ховалинг. Барои анҷоми чораҳои безараргардонӣ дар ин ноҳияи дурдаст миқдори зарурии сарулибос, ниқобҳои гуногуни тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ захира карда шудааст. Дар беморхонаи марказии ноҳия чораҳои пешгирӣ  андешида шуда, пайваста чораҳои безараргардониро анҷом медиҳанд. Саҳни беморхона, роҳравҳо, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои беморон  бо маҳлули гипрохлориди натрий безарар гардонида мешавад.

Корҳои безараргардониро дар боғҳои фарҳангӣ - фаро-ғатӣ, гулгашту хиёбон, толору майдончаҳои варзишӣ ва биноҳои истиқоматӣ гузаронида истодаанд. Ҳамзамон, дар кӯчаю маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот кормандони соҳаи тандурустӣ бо аҳолӣ вобаста ба риояи гигиенаи шахсӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Ш. Шоҳин. Дар даромадгоҳи ноҳия кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ ва маркази профилактики безараргардонӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми воситаи нақлиёт ва мусофиронро, ки ба қаламрави ноҳия ворид мегарданд, аз муоина гузаронида, онҳоро безарар мегардонанд. Дар маркази ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамарӯза кӯчаҳо ба воситаи нақлиёти махсус безарар гардонида мешаванд. 

Ҳамин гуна корҳои безараргардонӣ дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо низ пайваста гузаронида мешавад.   Дар баробари ин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷараён дорад.

Корхонаҳо ва сехҳои дӯзандагии ноҳия духти ниқобҳои гуногунро ба роҳ мондаанд. Корхонаи давлатии дузандагӣ ва коркарди меваи Агентии таъминоти амволи  махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то имрӯз беш аз 10 ҳазор ниқоб омода сохтааст. Дар ин ҷо дӯхтани либосҳои махсуси тиббӣ низ ба роҳ монда шудааст.

 Сехи дӯзандагии "Сайёҳ-2019”-ро  баъди гирифтани гранти президентӣ   шаҳрванд Манзура Холмадова ташкил кардааст ва дар он 10 нафар занони маҳаллӣ кору фаъолият доранд. Дӯзандагон давоми 1 моҳ алакай 5000 ниқоб дӯхта, 1256 адади онро ройгон ба сокинон даст-рас намудаанд. Ниқобҳое, ки дар корхона ва сехҳои дӯзандагии ноҳия тайёр мешаванд аз матои пахтагин буда, онҳоро метавон бисёркарда истифода бурд.

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Тандурустӣ ва экология
Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология

Левакант. 30%-и либосҳои мактабӣ омода шуд

Хабарҳо