Дар як сатр
» » КӮШОНИЁН. МАОШИ ЯКМОҲА БАРОИ ПЕШГИРИИ COVID-19

КӮШОНИЁН. МАОШИ ЯКМОҲА БАРОИ ПЕШГИРИИ COVID-19

14-05-2020, 01:11

Раиси ноҳияи Кӯшониён,  маоши якмоҳаашро барои пешгирии бемории сирояти каронавирус ҷудо карда, ҳамчунин ба 52 нафар табиби ноҳия ёрӣ расонд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 52 нафар табиб, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони хурди тиббии шуъбаи пешгирии бемориҳои сироятии Бемористони марказии ноҳия ёрии яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар ин раванд соҳибкорони ноҳия ба оилаҳои ниёзманд кумак намудаанд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода   музди меҳнати якмоҳаи худ ва кормандони дастгоҳи раиси вилоят як қисми ҳақмуздашонро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, гузарониданд.

Комрони БАХТИЁР



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

Номаҳои Шумо
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ