Дар як сатр
» » МУРОҶИАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ АМРИ ВОҶИБ АСТ

МУРОҶИАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ АМРИ ВОҶИБ АСТ

14-05-2020, 01:09

(Дар ҳошияи муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилояти Хатлон, 4 майи соли 2020)

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода дар Муроҷиатномаи худ  ба сокинони вилоят  бисёр ба маврид таъкид намуда, зикр доштанд, ки мардум ба овозаҳои бардурӯғ дода нашаванд. Зеро тамоми имконияту захираҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ мавҷуд аст.  Ҷойи тарсу ҳарос нест, аммо   тоҷирону доруфурӯшон набояд аз вазъи баамаломада сӯйистифода намоянд. Беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқа, маводи доруворӣ хилофи арзишҳои башардӯстона буда, боиси ба миён омадани нофаҳмӣ дар миёни мардум ва касод шудани буҷаи оилаҳо мегардад.

Ба маврид аст, гӯем, ки иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мавриди дастгирӣ ва кумак ба табибоне, ки шабонарӯзӣ ҷоннисорона ба муолиҷаи беморон машғуланд,  бамавриду шоиста аст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят дар  Муроҷиатнома ҳамчунин қайд  намуданд, ки дар ин рӯзҳо   муҳим аст, ки шаҳрвандон муваққатан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намуда, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ реҷаи истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббиро риоя кунанд. Риояи гигиенаи шахсӣ дар оила, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, махсусан, шахсони аз 60 сола боло, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки Муроҷиати раиси вилоят ба мардуми шариф  такягоҳест, ки моро рӯҳбаланд намудааст. Зеро миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик тӯли таърихи дарозу гарони худ борҳо аз чунин имтиҳонҳои тақдир   гузаштааст ва  аминем, ки ин  вабои нобаҳангомро низ пушти сар хоҳем кард, зеро ҷавонмардӣ, покбунёдиву озодаманишӣ, сиришти неки халқамон ҳамеша сипари боэътимоди миллат ва кишвари азизи мо будаасту хоҳад буд.

Фотима НЕЪМАТОВА,

сокини шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КУМАКИ РАИСИ ВИЛОЯТ  БА ТАБИБОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ РАСИД

КУМАКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ТАБИБОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ РАСИД

Ҳаёти иҷтимоӣ

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
БЕАСОС БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАРХИ ДОРУВОРӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

БЕАСОС БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАРХИ ДОРУВОРӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ