Дар як сатр
» » ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

14-05-2020, 01:08

Новобаста ба таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҳои пурзӯри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, мутаассифона, Тоҷикистони азиз ҳам бо ин вабои аср рӯ ба рӯ шуд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ ҷудо намуданд. Ин маблағҳо баҳри таъмини иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳар моҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати ин беморӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, равона мегардад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки бо мақсади дастгирии чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо вабои COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд. Ин ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Дар пайравӣ аз  иқдоми Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо кормандону хизматчиёни вазорату сохтори гуногуни давлатӣ, мақомоти олии қонунгузор ва ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ва созмону ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар ин кори хайру инсондӯстона саҳми худро гузошта истодаанд. Умедворам, дар пайравӣ аз ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат иқдомҳои накукоронаи шаҳрвандони кишварамон низ идома ёфта, бо ин васила ҳар нафари мо дар муборизаи дастаҷамъона бо ин вабои аср саҳми муҳими худро мегузорад. Бояд ёдовар шуд, ки барои  пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мубориза бо бемории сироятии COVID-19 дар баробари саъю талоши ҳукуматҳои кишварҳои дунё ва ситодҳои мубориза бо ин беморӣ, инчунин, фаъолони ҷомеа, соҳибкорону масъулони соҳаҳои сатҳи гуногуни ҷомеа, умуман, ҳар сокини тавонманди сайёра метавонад бо иқдоми хайрхоҳона ё ташаббуси судманде саҳми худро гузошта бошад.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, бо пайравӣ аз ташаббусҳои ояндасозу сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаллу фасли мушкилу масъалаҳои гуногуни ҷомеа ва пружаҳои бузурги стратегӣ муваффақ гардидаст. Аз ин лиҳоз, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷомеаи мо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, ки баҳри ташхису табобати ин беморӣ дар муассисаҳои тандурустӣ содиқона фаъолият доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард. Дар ин марҳилаи муҳим ҳар сокини кишварро мебояд, ки бо тавсияву машварати табибон амал намуда, қоидаҳои санитариро бе чунучаро риоя намоянд. Масъулияти шаҳрвандии мо аст, ки дар баробари истифода аз воситаҳои муҳофизатӣ беҳуда дар ҷойҳои ҷамъият гаштугузор нанамоем.

Тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва донишмандони тибби ҷаҳон аст, ки барои  ҳар чи барвақттар ба ҳаёти солиму реҷаи муқаррари зиндагӣ баргаштан, инсонияти рӯи олам бо такя ба иттилои расмии ҳукуматҳои кишвари худ ва хушбинӣ баҳри ояндаи нек кору зиндагӣ намоем. Пас, биёед, ба ҷойи тарсу ҳарос дар  дилҳо  сабру таҳаммулро ҷой диҳем, ки калиди хушбахтии инсон сабр аст. Якдигарро огоҳ намоем, ки дар муошират фосилаи муайянро риоя намоем ва наврасону ҷавононеро, ки ба таътил баромаданд, ба китобхонӣ ва дигар машғулиятҳои судманд ҷалб созем. Зеро, ки маҳз бо риояи тавсияву машварати табибону донишмандон ва таваҷҷуҳи хос ба ҳифзи саломатии худ ва аҳли хонадонамон мо дар ин набард ғолиб меоем.

 

Комилҷон Саидов,

сардори идораи нотариалии давлатии ноҳияи

Ҷалолиддини Балхӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ

Тандурустӣ ва экология

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ

МУРОҶИАТНОМАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ ...

Ҳокимияти давлатӣ