Дар як сатр

ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ

14-05-2020, 01:06

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  пешгирии бемории сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва табобати саривақтии беморон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ин навбат Пешвои миллат  дар идомаи ташаббусҳои инсондӯстона, ҷиҳати беҳтар намудан хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати саривақтии шахсони гирифтори бемории COVID-19 ба беморхонаҳои вилояти Хатлон   иловатан доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ кумак намуд.

 Ба беморхонаҳои маркази вилояти Хатлон, минтақаи Кулоб, ноҳияи Данғара доруворӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳӣ, лавозимоти тиббӣ, дар умум, беш аз 50 намуди доруворӣ фиристода шуд. Имрӯзҳо тамоми ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон    барои пешгирии ин бемории хатарзо равона гардидааст.

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ҳақ бар ҷониби шоир  аст, вазъи имрӯзаи ҷаҳонро паҳншавии бемории пандимея СОVID-19 ба ташвиш гузоштааст. Қариб 200 давлатҳои ҷаҳон аз ин беморӣ зиёни ҷониву иқтисодӣ диданд. Мутаасифона, ин беморӣ ба ватани азизи мо - Тоҷикистон низ расид. Бархе аз ҳамдиёрони мо низ гирифтори ин беморӣ гаштанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ, интиқол ва мубориза бар зидди ин бемории даҳшатафзо тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд. Барои табибон илова ба моҳонаашон маблағҳои муайяни дигар ҷудо намудаанд. Табибони ҳозиқ- кормандони сохторҳои тандурустӣ шабонарӯзӣ баҳри ҳифзу тансиҳатии аҳолӣ бо бемории коронавирус даст ба гиребонанд,   баҳри солимии ҷомеа шабу рӯз заҳмат мекашанд. Хушбахтона, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шахсони хайрандешу некхоҳ низ дар ин шароити вазнин баҳри табибон кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад. Яке аз чунин шахсони соҳибватан, некандешу хайрхоҳ Шамсулло Соҳибов мебошад, ки ба табибону дардмандон дасти сахо дароз намуда, кумакҳои зиёди моддӣ расонид. Аз ҷониби Шамсуло Соҳибов ба беморхонаҳои 25 шаҳру навоҳии вилоят, таҳти шиори "Шифо ва ҳамдилӣ” доруворӣ,  маводҳои тиббӣ, либосу дигар, ашёҳои зарурӣ расонида шуд. Дарвоқеъ, дасти сахо дароз намудан ба ниёзмандон, кумак ба табибону беморон аз хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода Нусратулло Файзуллозода, Маҳмараҳим Соҳибов ва даҳҳо дигаронро метавон ном бурд, ки дар ин рӯзҳои барои ҷомеа мушкил бо хайрандешиву саховатмандӣ қарзи инсонии хешро адо намуданд. Корвони "Шифо ва ҳамдилӣ”-и Шамсуло Соҳибов   дар ин давраи бисёр вазнин имтиҳони ҷиддӣ барои ҳар як инсони банангу номус буда, ба дарди   беморон шифо мебахшаду қалби табибонро шод менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорсолаҳо ниёгони мо бо мардонагӣ, саховатмандӣ, накукорӣ  ном баровардаанд. Албатта, ҷавонмардии  ҳамватани мо низ  боиси аҳсан ва таҳсин аст.

Дар пайравӣ аз иқдоми инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои амалҳои хайру накукорӣ масъулини бозори "Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар низ ба беш аз 1200 нафар табибони ҳозиқ, ки шабонарӯзӣ баҳри сиҳатии омма аз бемории сироятии COVID-19 заҳмат мекашанд, кумакҳои моддӣ расониданд. Махсусан, дар ин моҳи хайру накукорӣ  амалҳои неку хайрхоҳонаи масъулини бозори "Ҳоҷи Шариф” ва умуман оилаи Соҳибовҳо қалби кормандони соҳаи тибро болида гардониданд.

Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳиммат баланд дор, ки аз ҳиммати

баланд,

Мардони рӯзгор ба ҷое расидаанд.

Табибони ҳозиқ имрӯз чун дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо душман дар набарданд. Бо душмани нопайдо, диданашаванда. Пас, эй ҳамватан, биё бо қадри имкон ҳиммати ҷавонмардӣ намуда,  муборизаи беамон бар зидди ин беморӣ дасти табибони ҳозиқро бигирем. Ба онҳо кумаки моддиву маънавӣ хешро расонем, зеро табибон - ворисони Синои бузург ба қасами хӯрдаи хеш содиқанд. Имрӯз ин нуқтаро шурӯъ аз дурдасттарин муассисаҳои тиббии  деҳот, марказҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоят эҳсос намуда истодаем. Пас, мегӯем, зиҳӣ табибони ҳозиқи ватан, сарбаланд бошед, саховатмандони баору номуси Тоҷикистони азиз!

А. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАМБАСТАГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БОЯД

Номаҳои Шумо

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ