Дар як сатр
» » ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

14-05-2020, 01:04

Дар асоси амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020 №9 "Оид ба кишти баҳорӣ, такрорӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус ва тозагии ҳифзи муҳити зист” гурӯҳҳои корӣ ташкил дода шуд. Ҳайати гурӯҳҳои корӣ ба 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, бо масъулини шаҳру ноҳияҳо, аҳолӣ вохурӣ доир намуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ, дар ҳайатиСайфулло Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Хайрулло Назарзода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва сармуҳаррири рӯзномаи Хатлон Асалмо Сафарзода ба ноҳияи Панҷсафар дош-танд.

Ҳангоми сафари корӣ дар ҳар қадам эҳсос мегардид, ки деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Ҷ Балхӣ, Ҷайҳун ва Панҷ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ машғуланд. Ҳосили дастранҷи хешро ҷамъ оварда кишти дубораро оғоз бахшидаанд, ҳамчунин дар майдонҳои пахтазор ба коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳӣ, обмонӣ, ягонакунӣ машғуланд. Эҳсос намудем, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супориш ва Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба мубориза ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, инчунин Муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро дар ин самт сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон собит намуд, ки бемории пандимеяи COVID-19 аз ҷиҳати иқтисодӣ низ ба давлатҳои мутаррақии ҷаҳон таъсири манфии хешро расонидааст. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон ба мардуми шарифи ҷумҳур ва вилоят муроҷиатнамуда, таъкид дош-танд, ки дар маҳалҳо ҷиҳати фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани киштукори баҳорӣ ва такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқониву наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои махсус андешида шавад. Воқеан, дар ҳар қадам сокинони шаҳру ноҳияҳоро машғули истифодаи замин дида, кас хушҳол мегардад. Дар шоҳроҳҳо деҳқонон маҳсулоти истеҳсолнамудаи хешро, аз қабили карам, помидор, бодиринг, картошка, пиёз, гулкарам, навъҳои гуногуни полезӣ, меваҷоту сабзавот бо нархи арзон ба фурӯш баровардаанд. Дар саҳро ҷамъоварии пиёзу картошка, полезиву сабзавот босуръат идома дошта, тоҷирон бо мошинҳои калонҳаҷми боркашонӣ маҳсули заҳмати деҳқононро аз саҳро харидорӣ намуда, ба вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур мебурданд. Зимни суҳбат бо раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён боз як бори дигар собит гашт, ки деҳқонони ин ноҳияи дурдасти наздисарҳадӣ баҳри рӯёнидани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, таъмини амияти озуқавории мамлакат талош доранд. Даҳҳо тонна картошка ва маҳсулоти тарутозаи хоҷагии қишлоқро ба сокинони пойахти азизамон-шаҳри Душанбе пешниҳод намудаанд. Аз суҳбат бо сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Муҳаммадӣ Самиев вобаста ба самти пешгирии бемориҳои сироятӣ аён гардид, ки дар беморхона 53 нафар кормандони тиб бо маълумоти олӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. Ҳайати гурӯҳ оид ба вазъи ҷойдошта бо директори МНДСЭ Шарифхӯҷа Гулаков ва бо директори Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ Шавкатҷон Қувватов, инчунин бо мудири шуъбаи дезинфексионӣ Илҳомиддин Сафаров дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории коронавирус ҳамсуҳбат гардидаанд. Аён гардид, ки ба соҳаи тандурустии ноҳия оид ба пешгирии хатари бемориҳои сироятӣ бахусус (COVID-19) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби Хадамоти назорати давлативу эпидимиологӣ ва сохторҳои марбута ба ҳолати 6. 05. 2020 дар масоҳати458 668 метри мураббаъ ҳудуди ташкилоту муассисаҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати дастрас намудани огоҳинома ба ҳар як сокини ноҳия дар ҳамбастагӣ бо масъулониҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳал, муассиса, ташкилоту корхонаҳо корҳои муайян ҷараён гирифтааст. То санаи 5 майи соли равон дар маҷмӯъ аз 119 ҳазору 745 нафар аҳолии Панҷ, ки 17 ҳазору 991 оиларо дарбар мегирад, ба 13 ҳазору 511 оила огоҳинома оид ба самаранок истифода бурдани замин ва пешгирии бемории сироятӣ дастрас шуда, то санаи 06. 05 бошад, дар маҷмӯъ, ба 17 ҳазору 200 оила огоҳинома дастрас шудааст. Дар огоҳиномаи мазкур қабл аз ҳама оид ба вазъи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пайдоиши коронавирус, дар ин замина ҷиҳати андешидани тадбирҳои беҳдоштӣ ва риояи тозагию гигиенаи шахсӣ дар оила, коркарди ашёҳои истифодашаванда, поккории манзили зист ва гирду атроф, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, машғул шудан ба варзиш ва ташаккули ҳаёти солим, дар давраи таътили муваққатии хонандагон тавсияи хониши китобҳои бадеӣ, таъкид рафтааст. Ҳамчунин, дар бораи машғул нашудан ба худмуолиҷа ва танҳо аз рӯи маслиҳати табибон ва духтурони оилавӣ амал намудан қайд гардидааст. Паҳн гардидани бемории COVID-19 ҷаҳонро зери хатар гузошта, пеш аз ҳама, сабаби буҳрони иқтисодиву моддӣ, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷаҳон гардидааст. Дар асл аз истеҳсолот дур шудани сокинони сайёра ба норасоии маводи озуқа оварда мерасонад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва рӯёндани ду-се ҳосил аз як замин бо истифода аз тухмиҳои босифат имкон медиҳад, ки ҷиҳати таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ гардад. Ин нуктаро сокинони ноҳияи Панҷ хуб дарк намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиддӣ машғуланд. Ба заҳмати ризқофарони ноҳияи Панҷ ва вилоят таҳсин мегӯем, бигзор ҳар дони бо умед пошидаи мардуми ризқрасон ҳазорҳо дон гардаду дастурхони ҳамагон пурфайзу баракат.

Вахшона




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
Раиси вилоят: «АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ИСТИФОДА БУРДАН БА МАНФИАТИ КОР АСТ ...

Раиси вилоят: «АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ИСТИФОДА БУРДАН БА МАНФИАТИ КОР АСТ ...

Ҳокимияти давлатӣ