Дар як сатр
» » 2500 СОМОНӢ БА ҲАР ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶБВ

2500 СОМОНӢ БА ҲАР ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶБВ

14-05-2020, 01:02

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақтаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, маблағи ҷудогардида ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар як нафар ба андозаи 2500 сомонӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Хатлон ба ҳар як нафар ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина ҷудо шудааст, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро зимни аёдат аз номи Роҳбари давлат ба соҳибонашон супориданд.

Дар вилояти Хатлон то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро дарбар мегирад. Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквактаина расонида мешавад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН  НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН МЕБОШАД

КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН МЕБОШАД

Ҳокимияти давлатӣ

4000 сомонӣ мукофотпулӣ ба меҳтарони ҶБВ

Хабарҳо
170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа

Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА