Дар як сатр

Ҳалолат бод

15-11-2017, 09:38

Ҳалолат бод


Ватандорӣ чӣ бошад, нағз медонӣ, ҳалолат бод!
Аниси тоҷикону Тоҷикистонӣ, ҳалолат бод!
Ба ҳам овардӣ кулли тоҷикони рўи оламро,
Бақои ҳамзабонони хуросонӣ, ҳалолат бод!
Зи нав ту зинда кардӣ баски арвоҳи бузургонро,
Зиҳӣ, эй пойдори рўҳи Раҳмонӣ, ҳалолат бод!
Барои бахту иқболи ватандорони ин меҳан,
Дар ин раҳ хештанро кардӣ қурбонӣ, ҳалолат бод!
Зи баъди чанд асри хориҳои халқи худ аз нав,
Ту давлат сохтӣ монанди Сомонӣ, ҳалолат бод!
Набахшӣ ҳеҷ гаҳ ифротиёни мазҳаби моро,
Зиҳӣ, эй раҳрави мазҳаб, мусалмонӣ ҳалолат бод!
Алайҳи ҳосидону ҷангандозони халқи хеш,
Гирифтӣ пеши роҳи макру шайтонӣ, ҳалолат бод!
Ба азми ту ватангумкардаҳо гаштанд бар меҳан,
Раҳо кардӣ ту моро аз парешонӣ, ҳалолат бод!
Ба рағми нотавонбинони халқат сохтӣ Роғун,
Ва душманҳои моро кардӣ армонӣ, ҳалолат бод!
Ба гўши халқи олам ҳар замон бо гардани боло,
Санои бахти халқи хеш мехонӣ, ҳалолат бод!
Миёни подшоҳони замонат бинаму гўям:
“Худо додаст моро бахт арзонӣ, ҳалолат бод”!
Ба халқи хеш бо қавлу амал, бо эътимоди худ,
Ба мо ту ҳадяи даргоҳи Яздонӣ, ҳалолат бод!
Худо ҳам номаи бахти туро бо дасти худ бинвишт,
Саодатмандӣ аз тақдири пешонӣ, ҳалолат бод!
Аз ин рў, то ҷаҳон боқист, дар таърихи ин миллат,
Ҳамеша қаҳрамони халқ мемонӣ, ҳалолат бод!


ЧЎПОН БАДАЛИ ВАНҶӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Руҷўи Пешвои миллат

Руҷўи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Номаи қалби табибон

Номаи қалби табибон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Писари роҳгумзадаам, баргард!

Писари роҳгумзадаам, баргард!

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА