Дар як сатр
» » БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КО ТА-ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

14-05-2020, 00:55

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 7 май бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, либосҳои махсуси тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин ширкатҳои доруфурӯшӣ дар шаҳри Бохтар шинос шуд.

Нахуст раиси вилоят аз ҶДММ «Ко Та - Глобал»-и шаҳри Бохтар дидан намуд. Роҳбари корхона Ким Ҷунг Бог ба Қурбон Ҳакимзода маълумот дод, ки бо дарназардошти афзоиши эҳтиёҷ ба ниқобҳои тиббӣ ва либоси махсуси тиббӣ маъмурияти ширкат тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли ин навъи маҳсулот машғул шавад. Айни замон шумораи кормандон ба 165 нафар мерасад ва беш аз 150 корманди дигар бо мақсади ҳифзи саломатӣ ба рухсатии муваққатӣ гусел шудаанд.

Дар корхона 450 адад мошинаҳои дӯзандагӣ ва 80 адади дигар дастгоҳҳои махсуси истеҳсолӣ мавҷуд буда, асосан маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла, ниқоби тиббӣ, либоси махсуси тиббӣ, костюми духтарона, шим, шалвар, сарафан, либосҳои мактабӣ ва корӣ истеҳсол карда мешавад.

Ба иттилои менеҷери корхона Саида Яқубова, иқтидори истеҳсолии ширкат омодасозии то 1000 адад хилъати тиббӣ ва зиёда аз 10 ҳазор адад ниқоби муҳофизатӣ дар як рӯз мебошад.

То ин вақт аз ҷониби ширкат ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои тиббии ҳудуди шаҳри Бохтар ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ройгон тақдим карда шудааст.

Роҳбари корхона Ким Ҷунг Бог ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои истеҳсоли 500 ҳазор адад ниқоби босифату бисёркаратаи тиббӣ аз Корея матоъ ворид гардида, истеҳсолоти он афзоиш дода мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба фаъолият ва сифати маҳсулоти истеҳсолии ин корхона баҳои баланд дода, бо дарназардошти зиёд будани талабот афзоиш додани истеҳсоли онро мувофиқи мақсад донист.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
БЕАСОС БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАРХИ ДОРУВОРӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

БЕАСОС БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАРХИ ДОРУВОРӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

Тандурустӣ ва экология
БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Ҳокимияти давлатӣ

Бунёди 32 бунгоҳи тиббӣ дар 11 моҳ

Хабарҳо

«РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД» ДАР МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Хабарҳо