Дар як сатр
» » ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

14-05-2020, 00:53

Ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Ин нуктаро раиси вилояти Хатлон, раиси ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи навбатии ситод баён намуд.

Зикр гардид, ки то санаи 8 майи соли ҷорӣ аз шумораи умумии онҳое, ки дар беморхонаҳои ҳудуди вилоят таҳти назорати табибон қарор доранд, 15 нафарашон гирифтори бемории сирояти нави коронавирус мебошанд.

Раиси вилоят ин ҳолатро ташвишовар унвон намуда, ба аъзои Ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ба зарурати пурзӯр намудани чораҳои зарурии саривақтӣ вобаста ба пешгирӣ ва безараргардонии кӯчаю маҳаллаҳо, деҳаҳо, хонаҳои истиқоматӣ (аз ҷумла, баландошёна), коргоҳу корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ таъкид кард.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи ҳисоботи худ қайд кард, ки дар баъзе мавридҳо шаҳрвандон одитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя накарда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ ба кӯчаю маҳаллаҳо, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебароянд, ки ин хавфи паҳншавии бемории сирояти нави коронавирусро ба маротиб зиёд мекунад.

Аз рӯйи хулосаи мутахассисони соҳа, ба худмуолиҷа машғул гардидан, истеъмоли маводи доруворӣ бе тавсияи табибон омили дигари хурӯҷи бемории мазкур мебошад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад мебуд, ки дар тамоми дорухонаҳо фурӯши маводи дорувории сахттаъсир ва зиддивирусӣ танҳо дар асоси дорухати табибон ба роҳ монда шавад.

- Давоми ҳафта аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоят 45 номгӯйи доруворӣ ворид гардида, ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо тақсим карда шуд, - идома дод муовини раиси вилоят. - Бо вуҷуди ин, имрӯз эҳтиёҷот ба доруворӣ дар беморхонаҳо ба мушоҳида мерасад.

Ситоди вилоятӣ фаъолиятро дар самти пешгирӣ, интиқол ва паҳн нагардидани бемории мазкур пурзӯр намуда, корҳои тарғиботию ташвиқотиро вусъат дода истодааст. Тибқи дастури раиси Ситоди вилоятӣ, аз 2 то 6 майи соли ҷорӣ гурӯҳҳои иловагии корӣ таҳти роҳбарии муовинони раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба корҳои оммафаҳмонию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус, истифодаи мақсадноки замин ва рӯёнидани аз 2 то 3 ҳосил, расонидани огоҳинома ба сокинон ҷиҳати риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд.

Фурсате фаро расидааст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст ва хайрхоҳон беморхонаҳо, сохторҳои кумаки аввалияти тиббӣ, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаю бахшҳои дезинфексионӣ бо маводҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти пешгирикунанда ҳарчи бештар таъмин карда шаванд.

Дар кори ҷаласаи Ситоди вилоятӣ инчунин гузориши иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилоят Нурулло Бояков ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Карим Абдураҳимзода шунида шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, мубориза алайҳи сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба аъзоёни Ситод ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифагузорӣ кард.

Тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи меъёрҳои тавсияшудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан истифодаи ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани фосила байни ҳамдигар, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, истифодаи самарабахш аз имкониятҳои Раёсати телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ дар самти омода ва пахш намудани барномаҳои тавсиядиҳии духтурон, пешниҳоди маълумотҳо оид ба чораҳои пешгирию профилактикӣ ва муборизавӣ, поккории нақлиёти ҷамъиятӣ (мунтазам гузаронидани безараргардонии воситаҳои нақлиёт, махсусан нақлиёти мусофиркашонӣ ва дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, безараргардонии терминалҳо, истгоҳҳо), таҳти назорат қарор додани фаъолияти Ситоди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, таъмини фаъолнокии Ситод дар ташкили навбатдории шабонарӯзӣ, 24 соат фаъол будани телефонҳои боварӣ ва пешниҳоди рақами телефони боварӣ ба сокинон аз ҷумлаи дастурҳои раиси вилоят буд.

Зикр гардид, ки роҳбарону мутахассисон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва тамоми идораю ташкилотҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳиявӣ дар ин давра бо масъулияти баланд фаъолият намуда, уҳдадориҳои мансабӣ ва талаботҳои Қонуни хизмати давлатиро риоя кунанд.

Раиси вилоят инчунин ҷиҳати худдорӣ намудан аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ барои табибон, бо истифода аз ҳама имкониятҳо расонидани кӯмаку дастгириҳои иҷтимоӣ ба онҳо ва маводҳои серғизо, таъмини духтурони маҳаллавӣ бо либосҳои муҳофизатии тиббӣ, захираи хатти кислород дар беморхонаҳое, ки гирифторони коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарианд, истифодаи дурусти катҳо, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ ҷалби эпидемиологҳои собиқадор, реаниматолог ва пулманологҳо ба масъулон дастур дод.

Мунтазам дезинфексия кардани нуқтаҳои хӯроки умумӣ, манзилҳои истиқоматии аҳолӣ, риояи қатъии ҳолатҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи молу маҳсулотҳо, махсусан нархи маҳсулоти ниёзи аввалия (орд, равған, биринҷ, картошка, сабзавоту мевагиҳо) ва дорувориҳо дар нуқтаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо низ аз ҷумлаи вазифагузориҳои раиси вилоят дар назди аъзои ситод буд.

- Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, - изҳор дошт Қурбон Ҳакимзода.

Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) қарор кард, ки бо дарназардошти эҳтимолияти авҷгирии бемории мазкур дар заминаи хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ (новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ), муассисаҳои интернатии вилоят, осоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои профилактикии ҳудуди вилояти Хатлон масъулони дахлдор барои бистаринамоии эҳтимолӣ катҳои хоб, фаъолияти ошхона ва шабакаи обу корезро бо шароити муносиб дар ҳолати омодабош қарор дода, ба ташкили фаврии корҳои таъмиру ободонӣ ва безараргардонӣ дар дохил ва атрофи муассисаҳои мазкур диққат диҳанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ