Дар як сатр
» » БО ҒУРУР ВА НАНГУ НОМИ ТОҶИКОНА

БО ҒУРУР ВА НАНГУ НОМИ ТОҶИКОНА

7-05-2020, 00:17

ба хотираи нахустлётчики тоҷик Ҳикматулло Азимов

Дар ҳаққи нахустлётчики тоҷик Ҳикматулло Азимов, ки дар деҳа зода шуда, дар шаҳрҳои калон дарси қаҳрамонию мардонагӣ омӯхта, то дараҷаи идоракунандаи  самолёти қиркунонда   расидааст, дил мехоҳад саҳифа-саҳифа китоб аз шуҷоат аз корнамоиаш нависад.

Инак, чанд ҳарфи дигар аз саргузашти ибратбахши ин ватанпарвар дар арафаи Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия меорем, ки  яқинан  сипос гузоштан ба ватану оини ватандорӣ мебошад.

Ман барои ин аз бойгонии авиатсияи Флоти ҳарбӣ - баҳрии собиқ ИҶШС далелҳои зиёдеро пайдо кардам. Мухтасари сухан ин аст, ки Ҳикматулло Азимов, соли таваллудаш 1918, зодаи деҳаи Чӯбеки Ҷамоати "Лангари калон”-и ноҳияи Мӯъминобод, баъди хатми синфи 7-и хонаи кӯдакон (детдом), ба педкомбинати шаҳри Кӯлоб, (ҳозира омӯзишгоҳи омӯзгорӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Аз соли 1936 то соли 1938 дар редаксияи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» кор карда, аз моҳи марти соли 1938 ба корҳои  комсомолӣ мегузарад. Аз моҳи январи соли 1940 котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб интихоб шудааст.

Моҳи сентябри соли 1940 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешавад. Аз моҳи сентябри соли 1940 то моҳи январи соли 1941 дар мактаби курсантии савораи дивизияи 12-и Кубани шаҳри Армавир таҳсил карда, аз моҳи январи 1941 то октябри соли 1941 дар мактаби авиатсионии тирандоз - бомбаандози шаҳри Грозний таҳсил мекунад. Моҳи октябри соли 1942 то январи 1943 курсанти омӯзишгоҳи ҳарбии тирандозии зенитии шаҳри Боку будааст.

Омӯзишгоҳро 16 июни соли 1944 хатм карда, ба унвони лейтенант сарфароз гардидааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ лейтенант Ҳикматулло Азимов дар эскадриляи 3-юми авиаполки 9-ГМТК Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Флоти шимолӣ дар самолёти тамғаи амрикоӣ «ДУГЛАС» А-20-Ж парвоз карда, ба ҳайси штурман киштиҳои ҳарбии душманро қир кардааст.

16 октябри соли 1944 соати 15 дар маҳаллаи Сколнес-Киборнес дар рафти тирборон кардани киштиҳои ҳарбии душман ба самолёташ тир мерасад ва дар баҳри Баренс экипаж иборат аз се нафар қаҳрамонона ҳалок мешаванд...

Бояд қайд намоям, ки Ҳикматулло Азимов яке аз аввалин лётчикҳои тоҷик аст. Ӯ аввалин фарзанди ин миллати куҳанбунёд аст, ки ба тайёраи ҷангӣ нишаста, мардонагӣ, ҷасурӣ, диловарӣ, нотарсӣ ва амсоли ин барин хислатҳои баланди қаҳрамонию инсонӣ зоҳир кардааст. Ин мактуб аз он рӯзҳои мудҳиш дар фронти Сталинград ба дӯсту бародари қиёматиаш Олимов Бобо ва бародаронаш Раҳматуллову Маҳмадулло ба ёдгор мондааст: «Ман ҳозир мудофиакунандаи халқи тоҷик мебошам. Дар роҳи шарафу озодиаш ҷон медиҳам. 28 ноябри соли 1941».

         Аз ин сатрҳо пурра равшан мегардад, ки Ҳикматулло Азимов шахси ватанхоҳу дилогоҳ, халқпарвару ояндабин будааст. Саҳифаҳои рангини ҳаёти ӯ аз маъхазҳои таърихӣ, гуфтаҳои болоро сад андар сад тасдиқ менамоянд.

Зарур аст, ки корномаи чунин мардони шуҷоъ абадӣ гардонида шавад. Бинобар ин, лозим медонам, ки номи нахустлётчики тоҷик ба хотири насли имрӯза ва оянда зинда  дошта шавад. Аз ҷониби дигар таманнои онро дорам, ки барои абадӣ гардонидани хотири ӯ роҳбарияти шаҳри Кӯлобу вилоят ва ҷумҳурӣ, хизматҳои ибратбахши Ҳикматулло Азимовро ба назар гирифта, майдони ҳавоии шаҳри Кӯлоб ба номи ӯ гузошта шавад.

Ин низ кори хайр мебуд, агар  кӯчае ба номи ӯ дошта бошем, то миллати мо ба ин васила родмардони худро фаромӯш накарда, барои ояндагон мероси шуҷоату мардонагӣ боқӣ гузоранд. Бо ин амали некашон номи хайркорон низ зиндаю ҷовид хоҳад монд.

Лутфи  Хомӯш,

узви Иттифоқи нависандагони   Тоҷикистон, полковники   мустафъии соҳаи амнияти ҷумҳурӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Оби ошиқ» сероб шуд

«Оби ошиқ» сероб шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт