Дар як сатр
» » ҲИММАТУ КОРНАМОИИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ҲИММАТУ КОРНАМОИИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

7-05-2020, 00:14

9 май  ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ ба ҷанг, некӣ ба бадӣ, дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Зеро таърихи инсоният амсоли Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанги тулонӣ, миқёсан калон, бераҳмона ва мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфт, ёд надошт.

Ҷанги дуюми ҷаҳон 72 давлати хурду бузургро ба гирдоби ҷанг кашид. Теъдоди сафарбаршудагон дар ҷанг 110 милион нафарро ташкил дод. Дар натиҷа, кишварҳои зиёде хароб гашта, беш аз 50 миллион одамон қурбон ва даҳҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида буданд, ба маҳрумияту азобҳои тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг беш аз 27 миллион одамон қурбон шуданд.

Аз 14 миллион аҳолии осоишта, ки бештари онҳо занону кӯдакон буданд, 7 миллионаш дар макони зист аз дасти фашистон бо азобу шиканҷа ҳалок шудаанд. 5 миллион аҳолӣ маҷбуран ба Германия фиристода шуданд, ки нисфи онҳоро насиби ба ватанашон баргаштан нашуд. Дар солҳои ҷанг дар муҳорибаҳо 34 миллион иштирок намуданд. Ба оилаҳои фидоиён 12 миллион хатти сиёҳ омадааст. Дар вақти ҷанг ба ҳисоби миёна ҳар соат 720 нафар, ҳар дақиқа 12 нафар ва ҳар 5 сония як нафар ҳалок гардидааст. Дар идомаи ҷанг дар Иттиҳоди Шӯравӣ 1710 шаҳр, 70 ҳазор деҳа, 6 миллион иншоот ва иморатҳо хароб гардид. Умуман, хисороти ҷанг 4,5 триллион доларро ташкил намудааст.

Дар ин ҷанги мудҳиш мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, бори дигар исбот кард, ки шуҷоату ҷонфидоӣ барои онҳо мероси муқаддаси ватану ватандорӣ мебошад. Умуман дар муҳорибаҳои ҶБВ 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд, ки зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ҳалок гардиданд. Барои диловарию қаҳрамониҳо 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ордени "Шараф” (дараҷаҳои 1-2-3) ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.

Дар давраи ҷанг аз ҳисоби аҳолии Тоҷикистон ду двизияи махсус ташкил карда, ба фронт фиристода шуд. Аз ҳисоби занони тоҷик теъдоди зиёди духтарон ҳамчун ҳамшираҳои шафқат ва дружинаҳои санитарӣ ва ба сифати нишонзан (снайпер) дар муҳорибаҳо ширкат варзиданд. Ҳукумати Тоҷикистон таълими ҳарбии ҳатмии даъватшудагонро ҷорӣ намуд. Аз  16500 нафар ҷавонони таълими ҳарбигирифта, 10320 нафарашон мерганҳо, 1420 нафар автоматчӣ, 220 нафар алоқачӣ, 435 нафар телеграфчӣ, 4195 нафар тирандоз буданд.

Аз шаҳри онвақта Қӯрғон-теппа (ҳозира ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа шомил буданд) 6395 нафар ба фронт рафта, дар майдони ҷанг 1198 нафарашон ҳалок гардиданд. Имрӯз сокинони шаҳр аз он ифтихор доранд, ки бисёре аз онҳо тавассути шуҷоату далериашон сазовори ордену медал ва дигар мукофотҳои давлатӣ гардиданд. Аз ҷумла, ду нафар хатмкардаи собиқ мактаби №1 (ҳозира литсейи № 1)-и шаҳр Алексей Фёдорович Дмитрев ва Викантий Николаевич Тошенко, ҳамчунин, сокинони деҳаи Зархези шаҳр Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов далерию шуҷоат нишон дода, ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардиданд.

Меҳнаткашони  Тоҷикистон ба фонди мудофиа 6 миллиону 176 ҳазор рубл ва ба маблағи 30 миллиону 376 ҳазор рубл коғазҳои қимматнок кумак кардаанд, ё худ, такя ба манбаи дигар, колхозчиёни РСС Тоҷикистон барои сохтмони коллонаи танкии "Колхозчии Тоҷикистон” 67 миллион рубл, дафъаи дуюм ба тариқи илова   боз 14 милион рубл гузарониданд.

"Ба кумаки мардуми мо барои сохтмони эскадриляи авиатсионии "Тоҷикистони Советӣ” 120 миллион рубл ва як миллион ҷуфт ҷӯроб, се тонна собун ва ғайра фиристода шуд” омадааст дар махзанҳои таърихӣ.

Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, иборат аз 533 ҳазор адад либоси гарм, 8500 адад автомошина, 19 ҳазор сар асп,  30 миллиону 500 ҳазор рубл пули нақд, 40 ҳазору 750 пуд ғалладона ва дигар маводҳои зарурӣ фиристодааст. Тоҷикистон дар давраи ҷанг на танҳо ба фронт кумаки молию пулӣ мерасонд, балки ятимону маъюбони аз аҳолии шаҳрҳои гуногуни гирифтори ҷангро ба оғӯш мегирифт. Пешвои миллат Президенти мамлакат дар суханрониашон чунин ёдрас гардидаанд: "Тоҷикистон барои мардуми минтақаи ҷангзада паногоҳ гардида буд. Аз як қатор ҷумҳуриҳо, ки дар гирдоби ҷанг буданд, зиёда аз 40 ҳазор нафар одамон, аз ҷумла қариб 10 ҳазор кӯдакон кӯчонда оварда шуд. Халқи тоҷик онҳоро хуш қабул намуда, бо ғамхорӣ фаро гирифт”.

Воқеан, вақте ки ин гуна маълумотҳоро мехонем, дар дил аҳсант мегӯем, фахр мекунем аз мардуми хеш.

Соли таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар 16-уми марти соли 1987 буда, дар қайди Шӯро 254 нафар иштирокчиёни ҶБВ, 12 нафар шахсони ба онҳо баробаркардашуда буданд. Ҳоло бошад, дар шаҳр шаш нафар иштирокчиёни ҶБВ, Файзалиев Сафаралӣ, Алиев Зайнулло, Камолов Аброр, Ҳамроев Муҳаммадӣ, Тағоев Жума, Откин Дмитрий Александрович ва як нафар ветерани ба онҳо баробаркардашуда Қурбонова Қудратбӣ дар ҳаётанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳаққонӣ гуфтаанд:  "Рӯзи ғалаба як пораи сарнавишт аст, ки саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли моро дар арсаи мудҳиштарини ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд.  Шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои ҶБВ намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандӯстӣ барои наслҳои  имрӯзу оянда мебошад. Зеро омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқамон дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад”.

Ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба як пандест ба шаҳрвандони ватани мо, ки азоби он ҷанги даҳшатбор ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дидаанд. Бахусус, сабақест ба ҷавонон, ки солҳои охир баъзе аз онҳо аз гумроҳӣ, нодонӣ, содагиву зудбоварӣ ба гурӯҳҳои ифротиву иғвогар бовар карда, дар сангарҳои бегона ҷон мебозанд. Имрӯз бошад, як гурӯҳи нопоки ғаразноке аз хориҷ истода, нисбати халқи тоҷик ва Ҳукумати ҷумҳурӣ неш мезананд. Ин хиёнаткорон ба мақсади ба даст овардани маблағҳо аз ҷониби хоҷагонашон ба иғвогарӣ даст мезананд. Дар ин маврид, мо - собиқадорон ба таҷрибаи зиндагӣ такя намуда, мунтазам дар байни ҷавонон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, таҷлили Рӯзи Ғалаба ва дигар санаҳои таърихиро ҳамчун воситаи хуби тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи гиромидошти сулҳу субот, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ба ватани хеш ба таври бояду шояд истифода барем.

Дар ин маврид корҳои ташкилӣ - таблиғотиро бояд ба сомон расонем. Боиси қаноатмандӣ ва шукургузорист, ки собиқадорони ҷанг ба ғамхорию дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фаро гирифта шудаанд.

Шӯро бо шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шаҳр ҳамкорӣ намуда, ба се нафар асобағал, ба 28 нафар асо дастрас карда, 18 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат тавассути роҳхатҳо дар фароғатгоҳҳо истироҳат намуданд.

Дар ин маврид мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти собиқадорон мунтазам мусоидат менамояд. Соли равон бо дархости Шӯро барои нигоҳдории сохтори Шӯро ва дастгирии иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ниёзманд, ки дар қайди Шӯро мебошанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр бештар аз чил ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

 

Т. М. Назарова,

раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН  НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН МЕБОШАД

КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН МЕБОШАД

Ҳокимияти давлатӣ

Саҳмгузории шӯро дар тарбияи насли наврас

Ҷавонон ва варзиш
Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният