Дар як сатр
» » ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО «COVID-19» ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД

ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО «COVID-19» ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД

7-05-2020, 00:13

Имрӯз короновирус ё худ  «COVID-19» ва пандемия боиси марги инсонҳо гашта, назди нерӯмандтарин давлатҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳои ҳангуфтеро ба бор овардааст. Иқтисоди ҷаҳон ба коҳиш рафта,  дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ низ монеаҳои ҷиддӣ пайдо шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин вируси саркаш сарҳадҳо ва миллатҳоро убур карда,   қариб тамоми дунёро фаро гирифтааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос вазифаи аслии халқу миллатҳо  дуруст муаррифӣ кардани низоми ҳастӣ ва рушди иҷтимоии хеш бидуни ҳангомаю  ҳарос ором ва мақсаднок ба роҳ мондани зиндагии муътадил аст. 

Тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ танҳо барои ҳифзи саломатии инсонҳо буда, дигар ҳадафи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоие надорад.

Бо иттилоъ аз воситаҳои ахбори омма, кишварҳое, ки аҳолии онҳо маҳдудиятҳо ва усулҳою рамзҳои андешидашударо қатъӣ риоя карданд, тарс ва эҳтиёткориро дар доираи хирад ба мувозинат кашида, маърифати баланди низому тартибот-ро риоя кардаанд, ба ин вирус ғолиб меоянд.

Пас мо низ бояд чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳодиса дар ҳарос наафтода, балки оқилона бо он мубориза барем. Албатта, нотарсиро бо таври назди душмани мусаллаҳ бо дасти фуроварда рост истодан нафаҳмида, бараъкс тамоми неруву тавонмандиро дар роҳи муқовимат ба он роҳандозӣ намоем.   

Бо вуҷуди чораҳои саривақтӣ, оқилонаву ҳадафманди андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист чанд моҳ пеши роҳи ин вирусро аз воридшавӣ ба кишвар  гирад, қадами номубораки он ба сарзамини азизи мо низ омада расид.

   Пас дар ин давра муҳим он аст, ки мо бояд вазъиятро хирадмандона дарку таҳлил намуда, рафтору пиндору амалкардҳои худро вобаста ба ҳолату вазъияти пешорӯ роҳандозӣ намоем. Яъне, пеш аз ҳама ва ягона коре, ки аз мо талаб мешавад бо ҳеҷ қиммат нагузорем, ки ин вирус масунияти моро ламс кунад.  Ӯ бояд то омаданаш ба муқовимати шадид аз ҷониби мо рубарӯ шуда, дар роҳи расидан ба организми мо талаф ёбад. Ин муқовимат аз масъулиятшиносӣ ва муносибати мо ба атрофиён вобаста буда, камтарин саҳлангорӣ ба нафъи мо нест ва метавонад шахс худ, атрофиён  ва чандин нафарони  дигарро туъмаи осонгири ин вирус  гардонад. 

Оид ба тадбири чораҳои муқовиматӣ ва пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ ҳанӯз дар даврони худ фарзанди фарзонаи миллати мо Абӯалӣ Ибни Сино гуфта, ки дар чунин ҳолатҳои паҳншавии вабо, аввал мардум бояд натарсанд, ба таҳлуқа наафтанд ва худро аз муносибатҳои наздик ба дигарон маҳдуд намоянд. Дар пайравӣ аз ин гуфтаҳо ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки  имрӯз ҳам мубрамияти гуфтаҳои Синои бузургро собит месозад, мо мардуми Тоҷикистон дар роҳи ғолибият ба ин беморие, ки ба иллати камбуду норасоиҳои мо часпон аст, натарсем, наҳаросем. Бо истифода аз андарзҳои бузургон ва фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёдамон беҳтарин роҳи мубориза бо он камбуду норасоиҳои худро ислоҳ намоем. Муносибату муошират, одоби фардии истеъмоли ғизо, риояи гигиенаи фардию ҷамъятии худро бештар аз ҳарвақта риоя намоем. Тартиботи оилавию ҷамъиятиро риоя намуда, сарҳади озодиро шиносем ва чораҳои иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот андешида мешавад ба тамоми ҷузъиёташ иҷро намоем.

 Пас биёед мо ҳамагон даст ба дасти ҳам ё боз ҳам бо ибораи Фирдавсии бузург ҳама тан ба тан шуда, амалкардҳои худро на ба манфиати ин вирус,  балки бар зидди он, ба манфиати инсонҳо, миллат ва дар маҷмӯъ ба манфиати башарият равона созем. Нагузорем, ки вируси нав аз камҳавсалагию каммасъулиятӣ ва бепарвоии мо неру гирифта, қудратманд  гардад. Барои ин аз  якояки мо қиммати моддие ё вақти зиёдатие талаб карда намешавад. Фақат ва фақат зарур аст, ки доираи муоширатро каме маҳдудтар, усули зиёрати ҳамдигариро дигару покизагию озодагиро, ки ҷузъи фарҳанги миллиамон аст, пешаи зиндагӣ қарор диҳем. Магар ин омилҳои номбаршуда барои миллати оти-фаю фарҳангии мо чизи наванд? Албатта не! Танҳо зарур аст, ки онҳоро беш аз ҳарвақта риоя намоем. Аз баъзе хостаҳою талаботи бемавқеъ ва лаззатҳои замонавии изофии худ ба хотири неъматҳои бузургтари инсонию ҷамъиятӣ даст бикашем. Ҳикмати зиндагии инсони хирадманд ва ҷомеаи дурбин низ дар ҳамин муносибати оқилона нуҳуфтааст.

Ин лаҳзаҳо таъкидҳои пай-вастаи Пешвои муаззами миллат доир ба сарфаву сариштакорӣ,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пеши назари кас ҷилвагар гашта, чи  ҳикматҳо  паи худ доштани онҳоро одам беш аз пеш эҳсос менамояд.

Ҳар шаҳрванди кишвар, қабл аз ҳама бояд бовар дошта бошад, ки давлат ва Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари халқи худ кор намекунад, баръакс вазифаи онҳо ғамхорӣ ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум аст. Дар давлатҳое, ки чунин фаҳмиш, ягонагӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати давлат дар муқобили   таҳдидҳо дида шуд, онҳо аз ин вазниниҳо бо сарбаландӣ гузаштанд.

Мо аминем, ки  миллати сарбаланди мо низ бо фарҳангу тамаддуни волои оламгираш бори дигар аз имтиҳони вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ,  бо низому тартиби  хоса ва сабру таҳаммули хирадмандона убур хоҳад кард.     

 

М. С. Шодиён,

З. Х. Файзуллозода,

вакилони МНМО

Ҷумҳурии Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ

COVID – 19. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити пандемияи коронавирус

Хабарҳо, Сиёсат
ЧОРАҲОИ ЗУДАМАЛ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ЧОРАҲОИ ЗУДАМАЛ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

Тандурустӣ ва экология

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо
“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

“Дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошем ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ