Дар як сатр
» » ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

7-05-2020, 00:11

ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бунёд мешавад. Ба ин мақсад, Раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои сохтмонии бинои замонавии муосир оғоз намуда, дар ин самт як қатор  корҳоро  ба анҷом расониданд.

Ба иттилои Бобоҷон Кибориён, муовини ректори донишгоҳ оид ба иқтисод барои бунёди иншооти мазкур беш аз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Раванди корҳои сохтмониро ҶДММ "Собир САМ” ба зимма дорад. Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми кишвар ба муҳандисону сохтмончиён  таъкид намуд, ки дар рафти бунёди иншооти мазкур, махсусан зербинои он масолеҳи сифатан баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои стандартиро истифода намуда, ба устувории он диққати зарурӣ бидиҳанд ва иншоотро дар асоси талаботи замони муосир бунёд намоянд.

      Хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии «Зағертӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар шаҳри Левакант  дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Дар қисмати дигари замини таҷрибавӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимакка ва тарбузу харбуза парвариш меёбанд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ ба роҳ монда шудааст. Имсол дар заминҳои хоҷагии ёрирасон 450 дарахт, аз ҷумла 300 дарахти мевадиҳанда ва 150 дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст.

 Комрони БАХТИЁР



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
БУНЁДИ БЕШ АЗ 300 ИНШООТ ТО РӮЗИ ҶАШН

БУНЁДИ БЕШ АЗ 300 ИНШООТ ТО РӮЗИ ҶАШН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА