Дар як сатр
» » БЕҲ АЗ САНОИ ОЛАМ…

БЕҲ АЗ САНОИ ОЛАМ…

7-05-2020, 00:07

Аз вақте ӯро мешиносам,  ба ҷуз шуғли заминкорӣ завқу рағбате ба кори дигар надорад. Саргармиҳои ҳаррӯзаи ӯ аз субҳи содиқ оғоз ёфта, то аз рӯи сабзаву растаниҳо рафтани шабнам андармони корҳои саҳни ҳавлӣ ва атрофи хонаи худ мешавад. Баъди ноништа то нимарӯзӣ дар қитъаи наздиҳавлигӣ машғули кор шуда, пасон  каланд сари китф сӯи заминҳои саҳроӣ роҳ пеш мегирад. Аз тӯшаву миёнбанду зарфи чойбариаш метавон хулоса кард, ки нисфирӯзӣ  сари замин ноништа мекунад. Бегоҳӣ, баъди бозгашт то посе аз  шаб тақ-тақи ҳезумшиканию садои чӯбкориҳояш дар сукути шабҳои деҳа танинандоз аст. Мардум дар симои ин марди доим даст ба  кор инсони фориғ аз ҳама ташвишу ҳаводиси рӯзгорро мебинанд, ки ба ҷуз деҳқониву пеш бурдани зиндагӣ  дар зеҳн фикру зикри дигаре  надорад.

Аҳмад Эмомназаров дар 9 сотих замини наздиҳавлигии худ парвариши каму беш аз 25 навъ сабзавоту зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва ниҳолу гулу гулбуттаҳои ороиширо  ба роҳ мондааст. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки дар анбуҳи ниҳолу дарахтони гуногунранги замини наздиҳавлигии вай, аз парвариши сабзавоту зироатҳои офтобталаб ҳосиле бардошта намешавад. Валекин соҳиби замин аз самараи меҳнату даромади аз деҳқонӣ ба дастовардааш қаноатманд аст.

- Ҳамасола аз ҳисоби фурӯши кӯчату ҳосили гарм-хонаҳои байни растаҳои дарахтони мевадиҳанда талаботи оиларо бо орду равған ва дигар маводи ғизоӣ таъмин менамоям,- иброз медорад Аҳмади деҳқон. - Натиҷаи парвариши чанд намуд зироат аст, ки тамоми мавсимҳои сол, рӯзҳои якшанбе ин ё он ҳосили аз замин ба даст овардаамро  ба бозор мебарорам. Аз моҳи декабр то моҳи март кӯчатҳои гулу гулбуттаҳои ороишӣ, помидору бодиринг, гулкарам ва аз оғози моҳи апрел тути заминӣ, бодирингу сирпиёз ва сабзпиёз фурӯхта истодаам.

Деҳқони ҳамакора ҳисоби яқинашро намедонад, ки аз як замин чанд ҳосил мегирад, зеро як ҳафта пеш аз ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар ҷӯякҳои обрави он дони ҷуворимаккаро кишт менамояд. Баъди ҷамъоварии картошка дар ҷойи пуштаҳои он кӯчати караму гулкарам мешинонад ва ҳамин тавр, дар ҳар растаҳои озоди байни дарахтони мевабор чанд навъ зироат парвариш меёбанд. 

Барои бунёди гармхона аз химчаку чӯбпояҳои одӣ истифода мебарад. Дар мавсими тобистон бошад, қисмпораҳои гармхонаҳоро барои поябандии зироатҳои полезӣ истифода мекунад, то дави помидору бодирингу каду сӯи боло нумӯъ намуда, ба ин васила ҳосили бештар ба даст оварад. Қаблан бештари деҳқонони маҳаллаҳои атроф саргармиҳои шабонарӯзии Аҳмадро заҳмати беҳудаву бефоида мешумориданд. Аммо ӯ дар боби деҳқонӣ ба ҳарфи касе эътибор намедиҳад. Гарчанде ки имсол тамоми гулу гулбуттаҳои парваридаашро фурӯхта натавонист, аммо ноумед нест ва пешаи гулпарвариро идома медиҳад.

-Як растаи иборат аз 500-600 бех гулҳои гуногунранги зебо дорам, ки дар мавсими гулшинонӣ харидори худро наёфт. Ростӣ, вақти онро надорам, ки гулҳои парвардаи худ-ро ба бозорҳои маркази ноҳия ва вилоят ба фурӯш барорам. Ман маҳсули деҳқониҳои худро танҳо дар бозори маҳаллаи худамон, ки ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе доир мегардад, ба фурӯш мебарорам. Аз сӯи дигар, мардуми деҳот ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ камтар шавқу рағбат доранд.  Нарху навои гулбуттаҳо ва дигар зироатҳои парвардаи ман нисбат ба маҳсулоти бозорҳои шаҳрҳои калон ниҳоят арзон аст, аммо, афсӯс  ки нафаре намеёбам, ки ҳосили заминҳои маро ба бозорҳои ноҳияву вилоят барорад, -иброз медорад ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмад Эмомназаров, агар ҳамаи сокинони деҳот заминҳои саҳроӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намоянд, мо на танҳо дастархони худ ва мардуми шаҳрро ба маҳсулоти арзону хушсифат таъмин менамоем, балки ҳосили заҳмати хешро ба хориҷи кишвар низ метавонем содир намоем.

 

Ҷамолиддин Сайфиддин



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАВСИМИ ФАЙЗБОР РАСИД

МАВСИМИ ФАЙЗБОР РАСИД

Арсаи кишоварзӣ
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳокимияти давлатӣ
КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ
Баракат аз замини ризқофар

Баракат аз замини ризқофар

Арсаи кишоварзӣ
Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ