Дар як сатр
» » Руҷўи Пешвои миллат

Руҷўи Пешвои миллат

15-11-2017, 09:28

Руҷўи Пешвои миллат

Ман набигзорам, ки дар рўйи ҷаҳон
Ҷанг гардад ҳокиму фармонраво,
Ман набигзорам, ки дар ҳар хонадон,
Ҷои шодӣ ғам биёмад, мутакко,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Дар ҷаҳон бодо танинандоз сулҳ,
Ҳамдаму ҳамқисмату ҳамроз сулҳ,
Бар ҳама халқи ҷаҳон дамсоз сулҳ,
Тоҷикистонро шавад анбоз сулҳ,
Ман барои сулҳидунё омадам!
Ман қасам хўрдам ба назди анҷуман,
Ҳам баноми халқу бо номи Ватан,
Ханда бар лаб то ки бошад халқи ман,
Нест баҳри ў дареғ ин ҷону тан,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Ёд орам он ҳама рўзи сиёҳ,
Ҳоли халқи ман басе будӣ табоҳ,
Аз хиёнаткорӣ сар то по гуноҳ,
Рахт баста халқ шуд бесарпаноҳ,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Миллату давлат бимонда дар хатар,
Шуд фирорӣ тоҷик аз мулки падар,
Луқмаи нонаш агарчӣ гашта заҳр,
Шукри беҳад; оқибат омад зафар,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Нестам осуда дар умрам даме,
То ба олам ҳаст ношод одаме,
Мешавам бар дарди мардум марҳаме,
Мардумон бошанд бо ҳам ҳамдаме,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Ваҳдат омад, давлатам обод шуд,
Ваҳдат омад, тоҷики ман шод шуд,
Тоҷикистон мулки ҳуснобод шуд,
Азми нопоки адў барбод шуд,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Миллати аз дарси таърих бохабар,
Ин сабақро ҳеҷ аз ёдат мабар,
Нест аз ханҷаркашӣ моро самар,
Алҳазар аз ҷанг моро, алҳазар!
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Ман қасам бо шири модар хўрдаам,
Бар ҳама ёру бародар хўрдаам,
Бар шумо, эй аҳли кишвар, хўрдаам,
Бо каломи Ҳақ баробар хўрдаам,
Ман барои сулҳи дунё омадам!
Ман барои сулҳи дунё омадам!


Ш. ШАМСУЛЛО, омўзгор


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Сиёсат, Хабарҳо
Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷавонон ва варзиш
Покию некӣ маромаш буд

Покию некӣ маромаш буд

Маориф ва илм