Дар як сатр
» » ТАЪЛИМИ НАСЛИ НАВРАС ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚИ ҲАМИДА

ТАЪЛИМИ НАСЛИ НАВРАС ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚИ ҲАМИДА

7-05-2020, 00:02

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бо ҳисси баланди миллӣ тавсияҳои судманд пешниҳод карданд. Дар ҳар як ташкилоту муассиса таъсиси китобхона бо адабиётҳои зарурӣ, ҳамасола гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» аз ин қабил дастуру ҳидоятҳоянд, ки қисмати маънавии Паёми Пешвои миллат ба ҳисоб мераванд ва барои ба таълим фаро гирифтани насли наврас нақши муҳимро мебозад. Чунки бо омӯзиш хусусиятҳои фардии инсон рушд меёбад ва фарҳангу маънавиёт дар вуҷуди он бедор мешавад. Бинобар ин, ҳар яки  моро зарур аст, ки ба омӯзиш фарогир шавем, дигаронро омӯзонем ва барои рушди ватани худ саҳми босазое гузорем.

Бо истифода аз ин дастовардҳо дар шароити замони муосир ба таълиму тарбия ҷалб кардани насли нав-рас қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Тарбияи ахлоқи ҳамида аз овони кӯдакӣ оғоз меёбад. Оила ва волидайн дар ин раванд нақши асосиро мебозанд. Минбаъд тарбияро дар якҷоягӣ бо оилаву волидайн, муассисаҳои томактабӣ, мактаб ва ҷомеа дар умум ба даст мегиранд.

Унсурулмаолии Кайковус чунин фармудаанд: «Бояд ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷо оварда бошӣ…». Яъне, ҳар ҳунаре, ки падар ба писар меомӯзад, пешравӣ дар кору зиндагии ӯ мегардад. Модарон бошанд, ба духтарон тамоми нозукиҳои ҳунари рӯзгордориро аз хурдӣ то ба камол расидан меомӯзонанд. Дар тарбияи фарзандон муносибат ва ҳамдигарфаҳмии падару модар, рафтори самимонаю ғамхоронаи онҳо таъсири хуб мерасонад. Рӯз то рӯз фарзандҳо калон шуда, ҷиҳатҳои хуби рафтору рӯзгори падару модарро меомӯзанд ва рафтори худашон низ тағйир меёбад. Аз ин рӯ, падару модар бояд ба рафтори фарзандон назорат бурда, барои ба таълиму тарбия ҷалб кардани онҳо маслиҳатҳои хуби ибратомӯз диҳанд. Ранҷи зиёду меҳнати пурмашаққати падару модар барои тарбияи фарзанд дар ҳама давру замон сазовори эҳтироми бузург ва мартабаи баланд ба ҳисоб меравад.

Некқадам МирзоеВ,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ

Маориф ва илм
Тарбияи фарзанд аз нигоҳи бузургон

Тарбияи фарзанд аз нигоҳи бузургон

Фарҳанг ва адабиёт
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо