Дар як сатр
» » ТАЪСИСИ КИТОБХОНАИ НАВ

ТАЪСИСИ КИТОБХОНАИ НАВ

7-05-2020, 23:59

ТАЪСИСИ КИТОБХОНАИ НАВ

Ба маърифат рӯ овардани мардум ба китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба китоб зич алоқаманд аст. Ин далелро  дар тӯли таърихи ҳазор соли охири миллатамон баръало дида метавонем. Андешаи мазкурро мавҷудияти ҳазорон нафар адибону олимони соҳибкитоби тоҷик собит менамояд. Миллати мо дар қатори миллатҳое дохил мешавад, ки  дар шаклгирии тамаддуни башарӣ ҳиссаи чашмрас дорад. Аз ин хотир, ба китоб рӯй овардани мо- тоҷикон идомаи анъанаи неки ниёгон аст, ки онро Ҷаноби Олӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар махсус зикр намуданд.

Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин омили муҳими таърихӣ ва ҳаётан муфидро ҳамеша пеши назар дош-та, ба ривоҷи китобхониву китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ба ин мақсад дар назди бинои Сарраё-сат китобхона ташкил карданд, ки дар он адабиётҳои сиёсӣ, илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва ғайра гирд оварда шудааст. Инчунин, зиёда аз 15 ҳазор нусха китобҳои гуногун ба хотираи компютери китобхона ворид карда шудааст.

Китобхона ба таври замонавӣ таҷҳизонида шуда, кормандони соҳаи молия ва касбу кори гуногун метавонанд аз ин махзани дониш пурсамар истифода баранд.

Бахтиёр Назарзода Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон зикр намуд:

- Китобу китобдорӣ дар асл ҳам яке аз суннатҳои қадимаи тоҷикон  ба ҳисоб меравад ва мардум ба китобу китобдорӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ин анъанаи неку маърифатпарварона то ба имрӯз омада расидааст ва ин рисолатро бояд ҳар як фарди равшанфикри тоҷик содиқона ба иҷро расонад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонӣ диққати махсус дода, таъкид доштанд, ки ба масъалаи ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд ва қайд намуданд, ки китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд.

Мо - тоҷикон таърихи пуршарафу пурифтихор дорем, ки он мактаби бузурги омӯзишу сайқали дониш ва ривоҷи маърифат буда, барои насли имрӯз пайравӣ аз он аҳамиятнок    мебошад.

Мо тасмим дорем, ки дар оянда хазинаи китобхонаро боз ҳам бойтар намуда, на танҳо ба кормандони соҳаи молия, балки ба кулли хоҳишмадон хизмати маданиву маърифатӣ расонем.

Маркази матбуоти Сарраёсати

молияи вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИЛМ ДАР КӮДАКӢ - НАҚШ ДАР САНГ

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм
ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ
САРМУҲОСИБОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАШТАНД

САРМУҲОСИБОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАШТАНД

Иқтисоду тиҷорат

КИТОБХОНАҲОИ САРИ ХОСОР

Фарҳанг ва адабиёт
Беҳсозии кори китобдорӣ

Беҳсозии кори китобдорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА