Дар як сатр
» » ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС (COVID-19)

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС (COVID-19)

7-05-2020, 23:58

Таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории нави сироятии коронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр намуд, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ гирифтор кардааст. Тоҷикистони мо низ аз ин раванд истисно нест, бинобар ин, набояд хотирҷамъу бепарво бошем. 

Муовини раиси ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи маърӯзаи худ зикр намуд, ки то кунун дар сатҳи вилояти Хатлон барои бистаринамоии гумонбарони бемории нави сироятии коронавирус шароити муносиб дар беморхонаҳои сироятӣ ва дигар беморхонаҳои эҳтимолӣ фароҳам оварда шуда, 10740 кат барои бистарии шаҳрвандон дар ҳолати омодагӣ қарор доранд.

Дар сатҳи вилояти Хатлон шурӯъ аз моҳи апрел гурӯҳҳои кории вилоятӣ дар 25 шаҳру ноҳия таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ корҳои тарғиботӣ бурда истодаанд.

Ҳамчунин, ситоди доимамалкунанда дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  фаъолияти  худро пурзӯр карда, ҳар ҳафта ҷамъомади ситодҳо  гузаронида мешаванд.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пешгирӣ аз бемории мазкур захираи маводҳои лозима, аз ҷумла ниқоби махсуси тиббӣ 123 ҳазору 477 адад, дастпӯшак 95 ҳазору 142 адад, хилъат 5049 адад, калапӯш 6692 адад, хилъати яккарата 4368 адад, пойафзол 1289 ҷуфт, термосканер 98 адад, хокаи хлор 18 тонна, маҳлули антисептикӣ 103 ҳазору 205 зарфи 100 миллилитра, ниқоб барои оксиген 821 адад, лампаи квартсил 439 адад, контейнер барои маводҳои биологӣ 196, контейнер барои сентрофуг 20, айнаки яккарата 1668 адад ва хилъати сатҳи 3-ро 422 адад ташкил менамояд.

То 1 майи соли 2020 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 219 нафар таҳти назорат (карантин) қарор дорад.

Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои махсуси соҳаи тандурустӣ аз рӯйи усули фардӣ гардиши "хона ба хона” ба роҳ монда шуда, 2 миллиону 684 ҳазору 300 нафар ба суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, зиёда аз 1 миллион адад маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳолати пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Бо мақсади ҳавасмандии кормандони соҳаи тиб, ки дар карантин қарор доранд, аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба маблағи 13900 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНР ...

Ҳаёти иҷтимоӣ

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ
ФАРХОР. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ  ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

ФАРХОР. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

Тандурустӣ ва экология
ЧОРАҲОИ ЗУДАМАЛ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ЧОРАҲОИ ЗУДАМАЛ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

Тандурустӣ ва экология

КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН БЕМОРӢ

Тандурустӣ ва экология