Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНРО БА ФОНДИ МУБОРИЗА БО ПАНДЕМИЯИ COVID-19 ГУЗАРОНИДАНД

РАИСИ ВИЛОЯТ МАОШИ ЯКМОҲА ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИС ЯК ҚИСМИ ҲАҚМУЗДАШОНРО БА ФОНДИ МУБОРИЗА БО ПАНДЕМИЯИ COVID-19 ГУЗАРОНИДАНД

10-05-2020, 23:58

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, маоши якмоҳаи худро гузаронид.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят низ ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои фарогир ҳамбастагӣ эълон намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи он як қисми маоши худро ҳамчун кумак ба ин суратҳисоб интиқол диҳанд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, инчунин дар ситоди навбатӣ ба аъзои ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки вобаста ба ҳолати пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии коронавирус дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон,  риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, махсусан аз ниқоб истифода намудан ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зис-ту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ (дизбарйер) ва маводҳои антисептикӣ чораҳои бетаъхир андешида шавад.

Тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намуда, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ намоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити мусоиди кориро барои табибон дар маҳал муҳайё сохта, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кумаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, инчунин дастур дод, ки бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода шавад.

Бино ба иттилои  сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода, дар доираи ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Қобили зикр аст, ки 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ, ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВ ...

Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХА ...

Ҳокимияти давлатӣ
ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ФОНДИ НАФАҚА БОЯД НАЗОРАТ ШАВАД

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ
ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ КОРИ ДАСТАҶАМЪОН ...

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ КОРИ ДАСТАҶАМЪОН ...

Ҳокимияти давлатӣ
Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Маркази бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон

Иқтисоду тиҷорат