Дар як сатр
» » Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

15-11-2017, 09:39

Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат!

Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тўли солҳои президентӣ ба ў муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рўзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад.

Саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ байни давлатҳои Тоҷикистону Русия низ ниҳоят бузург аст.

Президенти Федератсияи Россия
Владимир ПУТИН


******

Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хоса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед. Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд.

Дабири кулли СММ
Пан Ги МУН


******

Мо дар Ўзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу кишвараш бахшидааст, мешиносем.

Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад.

Бо шарофати сиёсати ҳамаҷониба андешидашуда ва мутавозини ў дар шароити мураккаби Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки дар ҷомеа сулҳ ва ризоият на танҳо ҳифз карда шавад, балки ба он заминаи устувор гузошта шавад, ки ин яке аз омилҳои муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар кишвар ва умуман ҳамаи минтақа мебошад.

Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам иброз дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дўсти самимии Ўзбекистон, ҷонибдори устувори рушд ва таҳкими шарикии бисёрҷабҳаи кишвари мо, ба пешрафти ҳамаҷонибаи муносибатҳои Ўзбекистону Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон
Шавкат МИРЗИЁЕВ


******

Меҳнати фидокоронаи чандинсолаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани некуаҳволии халқи тоҷик ва пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст, сазовори эҳтироми ниҳоят баланд мебошад.

Бо қаноатмандӣ сатҳи кунунии муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистонро, ки бар анъанаҳои дўстона, дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд ва раванди мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷоратро зикр менамоям.

Мутмаинам, ки кори фаъолонаи Эмомалӣ Раҳмон дар маснади олии давлатӣ минбаъд низ ба густариши муколамаи бисёрҷанбаи Минску Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Беларус
Александр ЛУКАШЕНКО


******

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки шахси фаъол ва пурнеру аст, тавассути сохтмони НОБ-и «Роғун» талош дорад Тоҷикистонро оҳиста-оҳиста аз вартаи мушкилиҳо бароварад. Ин лоиҳаи бузург бо арзиши 4 миллиард доллар қубурҳои зеризаминии 45-километра ва шаш турбинаи бузургро, ки 3600 МВт неру дар як сол таҳвил менамоянд, дорост. Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км сарҳад дорад. Дар Афғонистон ва Покистон камбизоатӣ ва мавҷуд набудани ҷойи корӣ водор месозад, ки насли нави ҷавонон ба доми қочоқчиёни маводи мухаддир ва ифротгароён афтанд. Таҳвили боэътимоди неруи барқ аз Тоҷикистон иқтисодиёти харобгардидаи ин минтақаро тағйир медиҳад, шаҳрвандони аз ҷанг азияткашидаро бо сарчашмаи шуғли нав ва бо имкониятҳои нав таъмин менамояд.

Ин он ташаббуси наҷиби Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо дар Ғарб бояд истиқбол ва дастгирӣ намоем. Ман аз Роғун борҳо дидан намудам ва салоҳ медонам, ки ин лоиҳа аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Роғун дар ҳақиқат лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, метавонад об ва неруро ба воситаи сулҳофарӣ мубаддал гардонад.

Роҳбари гурўҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввўи биологӣ ва рушди устувор
Струан СТИВЕНСОН


******

«Ман сиёсати давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Оштии миллӣ ва демократикунонии ҳаёти мамлакат дар минтақа ибратомўз аст».

Узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон
Теэдзо ТАКЭМИ


******

Дар охири соли 1992, ҳангоме ки Эмомалӣ Раҳмон ба садри роҳбарии ҷумҳурӣ расид, Тоҷикистони тозаистиқлолёфта кишваре буд бо дастгоҳи давлатии нокоромадшуда, бар асари ҷанги мусаллаҳонаю ақидаи пора-порагардида, бо иқтисоди комилан нобудшуда, бо муҳоҷирони бесару сомон ва мардуми ноумед. Ва Эмомалӣ Раҳмон бо диловарии асил дар замони кўтоҳ тавонист ҳамаи сохторҳои давлатиро бозсозӣ ва устувор намояд, вазъияти сиёсиро ба субот расонад, хунрезиҳоро қатъ созад, ислоҳоти иқтисоди навини бозаргониро оғоз бахшад ва рифоҳу осоиши мардумро ба сатҳи дархўр расонад.

Доктори илми таърих, профессор
Зафар САЙИДЗОДА


******

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.
Чун марди ваҳдатовар, ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рўзи неки умрат рўзи саиди халқ аст.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!


Шоири халқии Тоҷикистон
Бозор СОБИР


******

Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегўем:
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омўзад зи шоҳи мо!

Қудрати ин некҷў бадхоҳро дар ҷо нишонд,
Кард халқро ҷамъ, осори парешонӣ намонд.


Шоири халқии Тоҷикистон
Муҳаммад ҒОИБ


******

Ваҳдати моддии миллат ва мусулмонии он
Ёфт сарриштаи тавҳид, муборак бошад...
Сарвари давлати моро ба ҳалолию ҳаққӣ,
Ҳунару санъати тамҳид муборак бошад
!

Шоири халқии Тоҷикистон
Ғаффор МИРЗО


******

Паймони сулҳ бастӣ бо гумраҳони миллат,
Аз нестӣ раҳондӣ ному нишони миллат...
Эмомалии Раҳмон! Аз туст бахти миллат,
Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат!


Шоири халқии Тоҷикистон
Мирзо ФАЙЗАЛӢ


******

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷўи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.
Достони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат.


Шоири халқии Тоҷикистон
Низом ҚОСИМ


******

P.S. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори давлати миллии тоҷикон аст. Ў дар тўли чаҳоряк аср тавонист кишвари рў ба фаноро ба як мамлакати рў ба рушд мубаддал гардонад, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш ва мардумро ба зиндагии осоиштаву рўзгори босаодат расонад.

Ҳайати эҷодии рўзномаи “Хатлон” тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Тоҷикистон ва Рўзи Президент самимона шодбош гуфта, доштани чунин Пешвои миллатро ба ҳамагон муборакбод мегўяд. Тавре ки шоир фармудааст:

Дод шоҳеро ба миллат, фазли ў оламрас аст,
Ин сарафрозӣ барои мардуми тоҷик бас аст!


Гирдоваранда
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пешвои миллат-ифтихори миллат

Пешвои миллат-ифтихори миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо