Дар як сатр
» » МАВСИМИ ФАЙЗБОР РАСИД

МАВСИМИ ФАЙЗБОР РАСИД

29-04-2020, 00:55

Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Имрӯзҳо кишоварзони вилояти Хатлон ба ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ аз ҷумла, пиёзу картошка, гулкараму сабзӣ, помидору бодиринг ва тути заминиро оғоз намуда, ҳосили онҳоро ба бозорҳо бароварда, дар таъмини хони рамазонии мардум ва паст фаровардани нарху навои маҳсулоти ниёзи аввали мардум саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин шабу рӯз деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ҳосили пиёзи барвақтиро ҷамъоварӣ намуда, саъю кӯшиш доранд, ки ҳар чӣ зудтар заминҳоро дубора киштгардон намуда, кишти навбатии зироаторо ба роҳ монанд. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонии сокини ин ноҳия Қамариддин Мирзоев тамоми давраҳои сол парвариши зироат идома меёбад. Бо дарназардошти иқлими мусоиди минтақа ва талаботи бозорҳои маҳаллӣ ӯ бештар  ба парвариши пиёзу сабзӣ, тарбузу харбуза машғул аст.

-Ду гектар замини хоҷагии деҳқониамон манбаи таъмини хонаводаҳои ману се бародарам мебошад, ки бо ҳамсару фарзандонамон дар киштукори замин ва ҳосили аз он рӯёнидашуда саҳми баробар дорем,- мегӯяд ӯ.  - Сарчашмаи таъминоти рӯзгори хонаводаҳои мо, ки дар умум 26 нафарро ташкил медиҳад, аз файзу баракати хоҷагии деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигиамон мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заминҳо мо дар мадди аввал аз ҳар намуд сабзавоту дигар зироатҳои деҳқониамон барои ду сол маҳсулотро захира намуда, боқӣ ҳосили ҷамъовардаро ба фурӯш мебарорем.

Аз суҳбат бо ин марди заҳматпеша маълумамон гардид, ки ӯ     бо кунҷкобиву   таваҷҷуҳи беандоза ба мутолиаи китобу омӯзиши таҷрибаи ҳампешагонаш аз нозукиҳои кишту парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ба хубӣ бархӯрдор аст. Ҳамчун роҳбари хоҷагии оилавӣ ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳар порча заминҳои хоҷагиро самаранок истифода мебарад. Дар хароҷоти рӯзгор ва ҷашну маъракаҳои мардумӣ намунаи ибрати ҳамдеҳагон буда, сарфакориро асоси беҳбудии  зиндагӣ мешуморад.

Қамариддин Мирзоев ифтихор аз он дорад, ки маҳз бо шарофати ҳосили пиёзу сабзӣ, гулкараму дигар сабзавоти барвақтии парваришнамудаи марди деҳқон имрӯз нарху навои ин маҳсулот дар бозорҳои минтақа ба қадре паст фаромадааст. Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили имсола нарху навои пиёз аз 6 сомонӣ ба 1,5-2 сомонӣ паст фаромада, арзиши картошка ҳам рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Зеро баъзе деҳқонони пешкор аллакай ҳосили картошкаи барвақтиро ба бозор бароварда истодаанд.

Бо истифодаи самараноки заминҳои ҳосилхез, маслиҳату роҳнамоии мутахассисони соҳа ва таъмини тухмии хушсифат мо -заминдорон вазифаи ҷонии худ мешуморем,  дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад, саҳми босазо гузошта бошем,- мегӯяд Қ. Мирзоев.

 

С. Ҷамолиддин



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

КАРТОШКА АРЗОН МЕШАВАД

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ

Омили асосии ҳосили фаровон

Арсаи кишоварзӣ

Бо харҷи кам даромади зиёд

Иқтисоду тиҷорат
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА